Ҷасади Нур Табаров адиб, рӯзноманигор ва вазири пешини фарҳанги Тоҷикистонро дар қабристони зодгоҳаш дар шаҳри Ваҳдат ба хок супурданд.
Ӯ, ки солҳои ахир аз беморӣ ранҷ мебурд, шаби 14 ба 15-уми август дар Душанбе даргузашт. Маросими видоъ ва ҷанозаи ин шахсияти шинохта субҳи 15-уми август дар назди хонааш дар пушти чойхонаи "Роҳат" ва намози ҷаноза дар масҷиди "Сари Осиё" баргузор шуд.
Таърихнигор, Иброҳим Усмонов, ки ҳамроҳ бо дигар дӯстону наздикон ва шогирдони марҳум барои видоъ бо ӯ омада буданд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз Нур Табаров як шахси доно ва тавоно ном бурд. "Нурмуҳаммад Табаров ба он гурӯҳи ҷавонони тоҷик дохил мешуд, ки замони ба арсаи фарҳанг омадани онҳоро мо замони тиллоии насли нави тоҷик ҳисоб мекунем. Ҷавонҳои аввали солҳои шастум. Дар ин гурӯҳ дар байни онҳо адибҳо, публитсистҳо, ҳунармандони бисёре буданд. Нурмуҳаммад Табров яке аз онҳост. Вай воқеан як шахси сиёсӣ, як шахси фарҳангӣ, як шахси эҷодкор, як шахси доно ва тавоно буд,"--афзуд, Иброҳим Усмонов.
Нур Табаров солҳо ҳамчун рӯзноманигору драмнавис ва ходими сиёсисву фарҳангӣ кор карда, солҳои ахир бознишаста буд. Ӯ, ки номаш дар ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунин гиреҳ хӯрда буд, баъд аз сӣ сол дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ узр пурсиданашро аз Ҳизби коммунисти Шӯравӣ "талаботи замон" донист, аммо гуфт, аслан ҳоҷати чунин узрхоҳӣ набудааст.
Зариф Ғуломов, адиби тоҷик ва яке аз шогирдони Нур Табаров мегӯяд, бо вуҷуди чунин айбномае нисбати марҳум дар ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунин ӯ рӯҳафтода нашуд. "Дар ҳодисаҳои февралӣ ӯро низ айбдор карданд, аз ҳизб ронданд ва муддате дар канор монд. Вале дилсард нашуд, хаста нашуд. Мисли пештара эҷод мекард ва як муддат сардабири маҷалаи "Помир" шуда кор кард. Бисёр шахси хоксору меҳрубон буд. Бо даргузашти ӯ талафоти бузурге барои аҳли адабу фарҳанг шуд,"--гуфт, Зариф Ғуломов.
Аз Нур Табаров ҳамчун як нафари сахтгир ва ташаббускор ном мебаранд, ки маҳз дар давраи вазирии ӯ ҷашнвораи театрии “Парасту” ва “Наврӯз” ба миён омад, ки бевосита дар он саҳм дошт.
Фаъолияти кории Нур Табаров дар ду самт равона шуда буд. Яке сиёсат, ки роҳбарии шӯъбаи фарҳанги Ҳизби комунисти вақт, вазири фарҳанг ва вакили Шӯрои олии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт ва дигар фаъолияти эҷодӣ. Дар самти фаъолияти эҷодӣ Нур Табаров ҳамчун рӯзноманигор, нависанда ва драматург корҳои зиёдеро анҷом дод.
Адиб Зариф Ғуломов бар ин назар аст, ки корнамоиву асарҳои Нур Табаров барои ҳамеша исми ӯро зинда нигоҳ хоҳад дошт: "Дар замони вазирӣ Нур Табаров ҳаракат мекарданд, ки ҳисси ифтихори миллии моро дар асарҳое, ки дар саҳнаи театру кино гузошта мешуданд, ҷой дода шавад. Кушиш мекарданд, ҳиси ифтихори миллӣ, маданияти қадимаи тоҷикон дар саҳнаҳо нишон дода шавад."
Нур Табаров соли 1941 зода шуда, соли 1962 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин ва солҳои 70-ум мактаби олии ҳизби коммунистро хатм кардааст. Фаъолияти журналистии худро дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" оғоз карда, баъдан ба ҳайси хабарнигори махсуси "Комсомолская правда" дар Тоҷикистон, "Навиди Бозаргон", сармуҳаррири маҷаллаи "Помир" кор кардааст.
Муҳаққиқон авҷи фаъолияти хабарнигории Нур Табаровро ҳангоми кор дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ" медонанд. Ӯ муаллифи чандин маҷмӯаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳо, аз ҷумла "Вагони охирин", "Тарс", "Паёми Зардушт", "Суробҳо", "Шикасти ташнагӣ", "Чашмони бародари қиёматӣ" ва "Дар чорсӯ" аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Нур Табаров, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон даргузаштНур Табаров: "Инсон набояд дурӯя бошад, фақат ҳақиқатро бигӯяд." ВИДЕО"Баҳманмоҳ". Инқилоб ё иғво? Нигоҳ ба воқеаи 30 сол пеш. ВИДЕО