Дар изҳороте 42 давлат аз Русия талаб карданд, ки сарбозонашро аз ҳудуди пойгоҳи ҳастаии Запорожйе берун кунад, чун, ба гуфтаи онҳо, ин ҳолат боиси эҷоди “хатари азим” гардидааст.
Матни изҳорот рӯзи 14-уми август дар вебсайти Иттиҳоди Аврупо нашр шуд ва дар он ҳуҷуми беасоси Русия ба хоки Украина ва ҳам ҳузури сарбозонаш дар ҳудуди корхонаи ҳастаӣ маҳкум шудааст. Корхонаи атомии Запорожйе азимтарин истгоҳи ҳастаӣ дар Аврупо мебошад ва ҳоло мақомоти масъул наметавонанд машғули таъмини амнияту бехатарии кори он шаванд.
Дар изҳорот гуфта шудааст, ки “ҳуҷуми раднопазири Русия ва ҳузури идомаёбандааш дар коргоҳи атомии Украина хатари сар задани ҳодисаи атомӣ ё садамаро ба маротиб зиёд мекунад”. Дар изҳорот аз Маскав тақозо шудааст, ки қувваҳои мусаллаҳ ва дигар намояндагони ғайрикасбии худро аз корхона берун карда бигузорад, ки мақомоти дахлдори украинӣ масъулиятҳои худро “дар доираи марзҳои эътирофшудаи байналмилалиаш” иҷро кунад.
Президенти Украина Владимир Зеленский дар изҳороти рӯзҳои истироҳати гузаштааш ҳушдор дод, ки гулӯлаборони корхона метавонад сабаби рахна шудани маводи атомӣ шавад. Русия рад намекунад, ки нирӯҳояш дар ҳудуди ин корхона қарор доранд, вале мегӯяд, ки тирандозии корхона кори дасти украиниҳо аст. Украина дар навбати худ русҳоро дар гулӯлаборони корхонаи атомӣ гунаҳгор мекунад.