Муҳокимаи панҷ хориҷӣ дар Донетск шуруъ мешавад

Айден Аслин , Шон Пиннер ва Саъдудин Иброҳим моҳи июн ба қатл маҳкум шуданд.

Ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия дар вилояти Донетски Украина санаи муҳокимаи 5 хориҷиро, ки дар сафи неруҳои Украина меҷангиданд, таъйин кардаанд.

Раҳбарони Ҷумҳурии Худхондаи Донетск рӯзи 12-уми август гуфтанд, ки муҳокимаи Матиас Густавсон аз Шветсия, Вйекослав Пребег аз Хорватия, Ҷон Ҳардинг ва Дилан Ҳилӣ аз Бритониёро рӯзи 15-уми август оғоз мекунанд.

Ба гуфтаи ҷудоиталабон, панҷ нафар ба зархаридӣ, омодагӣ ба амалҳои террористӣ, талош барои ғасби қудрат муттаҳам мешаванд. Дар сурати гунаҳкор донистан, мумкин аст, ҳамаи онҳоро ба қатл маҳкум кунанд.

Вазорати умури хориҷии Бритониё моҳи гузашта ва пас аз боздошти Ҳардинг ва Ҳилӣ, ҷудоиталабонро ба “истифодаи” асирони ҷангӣ ва мардуми ғайринизомӣ барои ҳадафҳои сиёсӣ танқид кард. Пол Ури, ки ҳамроҳи ин ду нафар дастгир шуд, моҳи июл дар боздоштгоҳ фавтид.

Аввали моҳи июн ду бритониёии дигар Айден Аслин ва Шон Пиннерро ҳамроҳ бо Саъдудин Иброҳим аз Марокаш бо гуноҳи зархаридӣ ба қатл маҳм карданд. Ҳарсе мегӯянд, ки вақти хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳи Украина ва ҷанг бо неруҳои Русия аз тарафи ҷудоиталабон дастгир шуданд.