Эълони миқдори маблағи интиқолии муҳоҷирон "махфӣ" шуд. ВИДЕО

Муҳоҷирони тоҷик аксаран бо рубл пул мефиристанд.

Бонки марказии Русия нашри маълумот дар бораи интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ ба хориҷ аз ин кишварро муваққатан боздошт.

Дар огоҳиномае, ки Бонки марказии Русия нашр кард, сабабҳои ин тасмим гуфта нашудааст.

Русия ба Тоҷикистон пайравӣ кард?

Ин ниҳоди молӣ маълумот дар бораи интиқоли маблағҳо ба берун аз Русияро давоми ҳар се моҳ нашр мекард. Охирин маълумоте, ки дар нимаи дуюми моҳи март нашр шудааст, бар асоси оморҳои соли 2021 аст. Нашри маълумот дар бораи пулҳои интиқолии муҳоҷирон аз сӯи Бонки марказии Русия барои расонаҳои Тоҷикистон "умеди охирин" буд, зеро мақомоти Тоҷикистон беш аз даҳ сол боз омори интиқоли пули муҳоҷиронро фош намекарданд. Ҳарчанд тибқи қонунгузории кишвар ифшои ин маълумот махфӣ нест.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Охири ҳафтаи гузашта Оҷонсии омори Тоҷикистон аз пешниҳоди маълумот дар бораи маблағи ирсолнамудаи муҳоҷирон дар шаш моҳи соли равон худдорӣ кард. Гулнора Ҳасанзода, роҳбари ин Оҷонсӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, беҳтар аст, маълумотро аз бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки миллӣ, дастрас кунанд. Дар нишасти Бонки миллӣ ҳам ба ин пурсиши хабарнигорон посух надоданд.

Фирдавс Толибзода, муовини раиси Бонки миллӣ гуфт, “мутаассифона ҳозир ҳамон каналҳое, ки интиқоли маблағҳо меоянд, дар баробари маркази проссесингие, ки мо дорем, боз тавассути суратҳисобҳои бонкҳо пешниҳод карда мешаванд. Ман маълумоти муайян гуфта наметавонам, чунки дар инҷо ҳисобу китоб кардани он, ки кадом корти бонки интиқол аст, кадомаш худи муштарӣ барои эҳтиёҷоти худ истифода кардааст”.

Мулоҳизаи сиёсӣ

Таҳлилгарону иқтисодшиносон пешниҳод нашудани омори маблағҳои интиқолии муҳоҷиронро ба чанд омил рабт медиҳанд ва ҳамзамон ин тасмими мақомотро хилофи қонун дар бораи дастрасӣ ба иттилло низ медонанд.

Абдулло Ашӯров, таҳлилгари тоҷик ба ин бовар аст, ки пайваста гӯшзад кардани расонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки бахши аъзами даромади Тоҷикистон аз пули муҳоҷирон аст, мақомотро нороҳат мекунанд. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, аз ин хотир фош шудани чунин оморро намехоҳанд, ҳарчанд ин хилофи қонун дар бораи дастрасӣ ба иттилоъ аст. “Худи мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, бинобар мулоҳизоти сиёсӣ онҳо омори пули муҳоҷиронро махфӣ карданд. Аз сӯи дигар, то ба ҳол Бонки Марказии Русия ин оморро нашр мекард. Аммо зоҳиран Русия, ки ҳоло талош дорад, тавассути бонкҳои шарикаш таҳримҳоро канор занад, аз нашри омор худдорӣ мекунанд. Чун ин гуна омор метавонад схема ва роҳҳои Русияро ҷиҳати канор задани таҳримҳо фош кунад, ”-гуфт, ӯ.

Коршинос инро муваққатӣ медонад

Дар ҳамин ҳол, Баҳром Шарифов, иқтисодшиносӣ тоҷик, ки таҷрибаи кор дар бонкҳои Тоҷикистонро дорад, мегӯяд, аз баски дар пасманзари таҳримҳои Ғарб ба Русия “мувозинат” вайрон шудааст, Маскав ҳам барои махфӣ кардани баъзе маълумотҳо талош дорад. Вай гуфт, “ҳоло натанҳо нашри маълумот дар бораи пулӣ интиқолии муҳоҷирон, балки Русия ҳамзамон маҳсулотҳое ки воридоташ ба кишвараш маҳдуд шуду аз дигар кишварҳо онро қабул карда истодааст, онро ҳам махфӣ кард.”

Ҳоло бисёре аз бонкҳои Русия, корхонаҳои саноатӣ, ширкатҳои бузургу сарватмандони рус ва ҳатто, президент, Владимир Путин таҳти таҳримоти кишварҳои ғарбӣ ҳастанд ва ба таъкиди коршиносон, дар чунин ҳолат талошҳо барои камтар ифшо кардани маълумотҳо ба фоидаи ин кишвар дониста мешавад.

Баҳром Шарифов мегӯяд, Тоҷикистон ҳам, ки як кишвари вобаста ба Русия аст, метавонад барои эҳтиёт аз фош кардани маблағҳои интиқолӣ худдорӣ кунад. Ӯ бовар дорад, ки ин муваққатӣ аст. Бино ба арзёбии созмонҳои байнулмилалӣ, пули интиқолии муҳоҷирони тоҷик ба сеяки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) баробар аст. Тоҷикистон, яке аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки муҳоҷирони кориаш солона миллионҳо доллар ба хонаводаҳояшон мефиристанд ва пулҳои фиристодаи онҳо барои иқтисоди кишвар низ фавқуллода муҳим аст. Сатҳи некӯаҳволии ҳар чаҳорумин оила дар кишвар ба пули интиқолии муҳоҷирон вобаста мебошад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

«Долларро бо халта мебароранд»Сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия ду баробар зиёд шудааст. ВИДЕО"Пули муҳоҷирон кам мешавад, камбизоатӣ – бештар." Ояндаи Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд?Васл бо рублу фасл бо доллар? Суду зиёнаш ба Тоҷикистон чист? ВИДЕОХонаводаи муҳоҷирон дар Тоҷикистон танбал шудаанд? ВИДЕОСитоиши Путин аз саҳми муҳоҷирони тоҷик дар рушди кишвараш