Як сабаби андаке поин рафтани қурби доллар дар Тоҷикистон муомилаи бештар бо рубли русӣ будааст. Баъди оғози ҷанг дар Украина ва таҳримҳои иқтисодии кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав, Русия муомилотро бо рубли русӣ бо кишварҳое ба роҳ андохт, ки шарикони асосиаш ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, Тоҷикистон.
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат, охири ҳафтаи гузашта гуфт, 70 дарсади ширкатҳои Тоҷикистон қарордодро барои воридоти маҳсулот аз Русия ба рубли русӣ имзо кардаанд.
“Ин нишондиҳандаи хеле хуб аст. Моҳи майи имсол ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид. Дар он як ҳуҷҷати бениҳоят муҳим дар бораи истифодаи пулҳои миллӣ дар ҳисоббаробаркунӣ ва табодули мол ба тасвиб расид,” – шарҳ дод ӯ рӯзи 14-уми июл.
Ба назари баъзе аз иқтисоддонҳо, муомилоти зиёд бо рубли русӣ ва болоравии қурби он дар Тоҷикистон бештар ҷанбаи сиёсӣ дошта, ба таври сунъӣ нигоҳ доштанаш дер давом нахоҳад кард.
Завқӣ Завқизода мегӯяд, ҳоло музокирот барои роҳандозии тиҷорат бо Чин бо пули юан низ идома дорад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Коршинос Абдуманнон Шералиев бовар дорад, ки чунин амр бозори асъори Тоҷикистонро ба танзим хоҳад даровард. “Бозори асъорро аз камбуди ҳамешагии доллар наҷот медиҳад. Бо Чин ҳам, ҳарчанд вобастагии иқтисоди Тоҷикистон ба ин кишварро каме бештар мекунад, бастани шартномаҳо бо юан дар умум ба нафъи иқтисод аст,” – афзуд ӯ.
Фозилҷон Фатуллоев, шореҳи иқтисодӣ, фоидаву зиёни муомилоти бештарро бо рубли русӣ барои тоҷикистониҳо чунин баршумурд: “Барои муҳоҷирон устуворшавии рубли русӣ фоидаовар аст. Хонаводаҳои онҳо ба сомонӣ пули бештар ба даст меоранд. Вале тоҷироне, ки ба хориҷа мол содирот мекунанд, зарар мебинанд.”
Фатуллоев шарҳ дод, ки тоҷирон маҳсулоти содиротии худро маъмулан бо доллари амрикоӣ мефурӯшанд ва дар иваз ба пули сомонӣ фоидаи камтареро ба даст меоранд. Нархҳои ҷаҳонӣ бошанд, имкон намедиҳанд, ки арзиши маҳсулоти содиротии худро тоҷирони тоҷик афзоиш диҳанд.
Доктор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар шарҳи ин мавзуъ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Вақте муомилот ба пули миллӣ мешавад, тоҷирони рус низ вазифадор мешаванд, маҳсулоти Тоҷикистонро ба пули сомонӣ бихаранд. Дар умум, барои дарозмуддат ин кор мушкилиеро пеш нахоҳад овард.”
Тоҷикистону Русия шарики стратегӣ ҳастанд. Душанбе ҳамзамон ҳамкориро бо Ғарб идома медиҳад, ҳарчанд солҳои охир барои поймол кардани ҳуқуқи мардум, аз ҷумла озодиҳои бунёдӣ, ба шиддат танқид мешавад.
Раҳбарони Тоҷикистону Русия дар мулоқоти худ рӯзи 28-уми июни имсол гуфтанд, додугирифти ду кишвар дар панҷ моҳи охир тақрибан 50 дарсад афзудааст, аммо шарҳ надоданд, ки он чӣ гуна ба даст омад. Дар асл қисми бештари ин давра ба замони ҳамлаи Русия ба Украина ва таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав рост меояд.
Вазорати молия ё хазонадории Амрико Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое ҷой дод, ки колоҳои таҳримшуда эҳтимол тавассути онҳо ба бозорҳои Русия ва Беларус ворид шаванд.