Талоши аксбардорӣ аз тулӯъи офтоб ва манзараҳои зебои табиат дар Тоҷикистон бо марги як ҷавон анҷом ёфт.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, сокини 18 солаи деҳаи Падруди Панҷакент, субҳи барвақти рӯзи 6-уми август, бо ҳадафи суратгирӣ ба кӯҳи Тарҳ рафт ва ба ҷарӣ сарозер шуда, фавтидааст.
Дар пайи муроҷиати наздикони ҷавон, наҷотбахшон ба ҷустуҷӯи ӯ баромада, баъд аз як рӯз ҷасадашро 300 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса пайдо кардаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтааст, ин ҳодисаи бесобиқа аст ва аз сокинон хостааст, зимни сафар ба кӯҳҳо бехатариро ҷиддан риоя кунанд.