То як баробар гарон шудани нархи билетҳои парвоз аз Тоҷикистон ба Русия нигаронии мусофирони ин масирро ба бор овардааст.
Мақомот ҷаҳиши нархи парвоз ба Русияро шарҳ намедиҳанд. Огоҳони умур ба он ишора мекунанд, ки болоравии нархҳо хусусияти мавсимӣ ҳам дорад.
"Дигар чӣ кор кунем?"
Асомиддин, як сокини шаҳри Душанберо нархи билет ба самти Русия ҳайрон кардааст. Ӯ ки дар пушти дари яке аз ширкатҳои чиптафурушӣ бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, нархи гарони билет ба ҷайбаш мувофиқ нест, вале илоҷи дигаре надорад. “Аз 5600 то 5700 сомонӣ. Ин самти Душанбе - Москва. Ин мувофиқ нест ба мо, лекин илоҷ нест, ба ҳар ҳол меравем, бо ҳамин нарх. Дигар чӣ кор мекунем?”—гуфт, ӯ.
Мисли Асомиддин, аксари сокиноне, ки барои хариди билет рафтаанд, аз гаронии нарх шикоят мекунанд. Мусофирони самти Русия аз он нигарон ҳастанд, ки нархи билетҳои парвоз аз Тоҷикистон ба Русия якбора боло рафта, назар ба як моҳи гузашта тақрибан як баробар зиёд шудааст.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Малоҳат Ҳасанова, сокини шаҳри Душанбе, ки моҳе пеш ба Тоҷикистон омада буд, мегӯяд, бояд ба назди пайвандонаш ба Русия баргардад. Ӯ барои ду писараш ин субҳ билет харидаву худаш ҳайрон аст, чӣ кор кунад. Вай гуфт: “Ҳозир аз ҳад қимат шудааст. Ҳамин саҳар бачаҳоямро гусел кардам, 5270 сомонӣ билет гирифтам. Ҳар кас надорад ин маблағро. Онҳо рафтанд, худам ба хотири қимат будани билет мондам. Аз ин тараф беҳад қиммат, аз он тарафи инхел нест.”
Рафтан гарон, бозгашт арзон
Рӯзи 8-уми август дар нуқтаҳои билетфурушӣ нархи билети парвоз ба Маскав дар Душанбе то 5900 сомонӣ буд. Нархи билети парвоз аз Маскав ба Душанбе тахминан то 2000 сомонӣ арзиш доштааст.
Як намояндаи ширкатҳои билетфурушӣ бидуни зикри номаш гуфт, “ҳоло ҳеҷ пешгӯие дар мавриди поин рафтани нархҳо нест”. Ӯ сабаби болоравии чиптаҳоро шарҳ надод.
Мақомот ҷаҳиши нархи парвоз ба Русияро шарҳ намедиҳанд. Мавзӯи гаронии нархи чиптаи ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон мавриди интиқоди шадид ва шикоятҳои мардум аст. Коршиносон чунин ҳолро ба монополия шудани ин соҳа рабт медиҳанд. Огоҳони умур ба он ишора мекунанд, ки болоравии нархҳо то андозае хусусияти мавсимӣ ҳам дорад.
Барои "Боинг" аз "Султони Кабир" таҷҳизот харида намешавад
Як ҳамсуҳбати мо ки собиқаи корӣ дар ширкати ҳавоии “Сомон Эйр”-ро дорад гуфт: “Сабаби якум ин аст, ки ҳоло аксари мусофирон аз як самт мераванд ва ширкатҳо ҳам барои пушонидани хароҷоти худ, нархро боло мекунанд. Дуюм, ҳоло мавсими сафар аст. Вобаста ба ин ки дар ин мавсим донишҷӯён ва унвонҷӯён зиёд ҳастанд. Сеюм, ин ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ тамоми хароҷот барои нигаҳдории ҳавопаймоҳоро аз ҳисоби худашон мепушонад, ки аксарашон гарон буда, аз хориҷи кишвар дастрас мешаванд. Барои мисол, “Боинг” наметавонад аз бозори “Султони Кабир” қисми эҳтиётӣ харидорӣ кунад.”
Ҳоло ҳавопаймоҳои "Ют Эйр", "Уралские авиалинии", "Сибир", "Ямал"-и Русия ва "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон иҷозаи парвоз дар миёни ду кишварро доранд. Шикоятҳо аз гарон будани нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия чанд сол аст, ки садо медиҳад. Ин масири ҳаракати садҳо ҳазор муҳоҷири корист, ки даромадашон оилаҳо ва иқтисод дар Тоҷикистонро таъмини молӣ мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Хадамот гуфт, билетфурӯшӣ монополия нест, аммо барои поин овардани нарх дасташ кӯтоҳ аст. ВИДЕО Осмони баста. Буҳрони "Тоҷик Эйр" натиҷаи кори кӣ ва ба манфиати кист?Аз фурӯши билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон кӣ фоида мегирад? ВИДЕО, САНАДҲО