Мақомоти Русия раҳбари як ширкати сохтмониро дар Маскав барои марги се муҳоҷир, аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон, боздошт кардаанд.
Ҷавони 21-солаи тоҷик, ҳамроҳ бо ду муҳоҷири дигар аз Қирғизистон, рӯзи 7-уми август ҳангоми анҷом додани корҳои таъмирӣ дар як чоҳи канализатсионӣ, воқеъ дар кӯчаи Краснодарскаяи минтақаи Люблинои шаҳри Маскав ба ҳалокат расид.
Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст, ки ҳодисаи марги се муҳоҷирро таҳқиқ доранд ва раҳбари 38-солаи ширкати сохтмониро боздошт кардаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба хонаводаи ҷавони тоҷик изҳорӣ ҳамдардӣ кардааст. Сафорат дар сомонаи расмии худ навиштааст, ки барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтида омодааст.
Ҳодиса 7-уми август дар минтақаи Люблино вақте рух дод, ки 13 коргар ҳангоми анҷоми корҳои таъмирӣ дар як чоҳи канализатсионӣ ҳангоми сахт боридани борон ба даруни он афтодаанд. 6 нафари онҳо тавонистаанд мустақилона берун шаванд, вале 4 нафари дигарро наҷотбахшон, ки ба ҷои ҳодиса омада буданд, берун кашиданд.
Ҷасади се муҳоҷирро, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Қирғизистон ва як нафар аз Тоҷикистон буданд, рузи 8-уми август пайдо карданд.
Дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав, ки бозорҳои бузургтарини ин шаҳр дар ҳамин минтақа ҷойгир шудаанд, шумори зиёди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, низ кор мекунанд.