Раиси ҷамъияти тоҷикон вакили русро ба иғвоангезӣ муттаҳам кард

Минҳоҷиддин Каримов, раҳбари Созмони фарҳангии тоҷикон ва Ростислав Антонов, вакили рус дар Новосибирск

Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Новосибирск вакили рус дар Шӯрои ин шаҳрро “ба барангехтани кинаву адовати миллӣ” муттаҳам мекунад.

Минҳоҷиддин Каримов, раҳбари Созмони фарҳангии тоҷикон ва узви раҳбарони Шӯрои машваратӣ оид ба масоили фарҳангӣ ва байниқавмӣ дар назди шаҳрдори Новосибириск, мегӯяд, бояд пеши роҳи иғвоангезиҳои Ростислав Антонов гирифта шавад.

Баҳси Каримов бо вакили рус аз он оғоз шуд, ки Антонов раиси ҷамъияти тоҷикони Новосибирскро барои бетарафӣ дар қазияи куштори духтари рус аз сӯйи шаҳрванди Тоҷикистон танқид кард. Ӯ аз мақомоти Русия талаб кардааст, ки созмони фарҳангии тоҷиконро маблағгузорӣ накунад. Каримов мегӯяд, ҳеҷ маблағе аз мақомоти Русия дарёфт накардааст ва ба ҷуз аз бархе барномаҳои давлатӣ тамоми иқдомҳои дигари созмон бо пули худи тоҷикони Новосибирск аст.

Охири моҳи июл дар Новосибирск як духтари 17 сола бо чанд зарби корд кушта шуд. Мақомоти рус дар ин ҷиноят як ҷавони зодаи Тоҷикистонро гумонбар дониста, ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.

Ростислав Антонов гуфтааст, раиси ҷамъияти фарҳангии тоҷикон, барои ин амали ҳамватанаш аз хонаводаи духтари кушташуда узр напурсид.

Минҳоҷиддин Каримов, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин ҷиноятро маҳкум кард, вале гуфт, вокуниш ба ин қазия, ки ҳанӯз таҳқиқаш анҷом наёфтааст, дар салоҳияти онҳо нест. Дар ҳар сурат Каримов гуфт, аз модари духтари фавтида маъзарат хостааст.

Ба гуфтаи ӯ, бори аввал нест, ки вакили рус бо чунин баёнияҳо кӯшиши барангехтани кинаву адовати миллӣ мекунад ва бо ин роҳ мехоҳад таваҷҷӯҳ ба худро бештар кунад. Минҳоҷиддин Каримов, узви Шӯрои машваратии байниқавмӣ ва милӣ дар назди шаҳрдори Новосибирск ва муовини ҷамъияти иттиҳоди созмонҳои кор бо муҳоҷирон аст.

Каримов мегӯяд, тасмим дорад пешниҳод кунад, ки масъулини шаҳрдори Новосибирск ва шӯроҳо дар ҷаласае рафтору баёнияҳои ба қавли ӯ иғвоангезонаи Антоновро муҳокима кунанд.

Созмонҳои ҳимоя аз ҳуқуқи муҳоҷирон Русияро барои ташвиқи муҳоҷирбадбинӣ пайваста танқид мекунанд. Бархе мансабдорони баландпояи Русия пайваста ҳарфҳои миллатгароёна мезананд ва аксари расонаҳои ин кишвар аз чунин дидгоҳ матлаб менависанд.

Дар Русия, ки ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд, пайваста таҳқиру азияти онҳо расонаӣ мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дар Русия ба ҳимоят аз муҳоҷирон "садо" баланд шуд. Бархӯрд тағйир меёбад? ВИДЕООмбудсмени тоҷик намоиши бадани урёни муҳоҷиронро "зиддиинсонӣ" хондЛатту кӯби муҳоҷири тоҷик пас аз талаби ҳуҷҷат аз пулиси Маскав