Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия ба ҳимоят аз муҳоҷирон "садо" баланд шуд. Бархӯрд тағйир меёбад? ВИДЕО


Валентина Матвиенко
Валентина Матвиенко

Як мансабдори баландпояи Русия аз такрор ба такрор гирифтани имтиҳони забони русӣ аз муҳоҷирон дар ин кишвар танқид кард ва онро "таҳқири муҳоҷирон" номид. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия, тахмин зад, ки ин кор ба тиҷорат табдил ёфтааст ва пешниҳод кард, аз ин таҷриба даст кашанд.

Бархе аз муҳоҷирони тоҷик баъди шунидани ин изҳорот интизори тағйири бархӯрд бо онҳо дар Русия ҳастанд. Иддае дигар мегӯянд, ин гапҳо метавонад назари шахсии Матвиенко бошад ва эҳтимол чизеро тағйир надиҳад.

Ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик ҳар дафъа барои кор дар Русия патент ё иҷозаи фаъолият мегиранд, аммо ба даст овардани ин санад кори саҳл нест, чун пеш аз он бояд аз забони русӣ ва таърихи ин кишвар имтиҳон супоранд. Дар бархе аз минтақаҳои Русия ҳар боре, ки муҳлати патент гузашт ва мехоҳанд аз сари нав иҷозаи кор гиранд, боз имтиҳон месупоранд. Дар минтақаҳои дигар чунин имтиҳон дар ҳар панҷ сол як бор супорида мешавад.

Ин мавзуъ дар ҷаласаи охири Шӯрои Федератсия - палатаи болоии порлумони Русия - замоне баҳс шуд, ки аъзои он тарҳи тағйирот ба қонун дар бораи шаҳрвандии Русияро баррасӣ мекарданд. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия, дар ин баҳс ба тундӣ аз кори мақомоти муҳоҷирати кишвараш танқид кард.

Дар толори Шӯрои Федератсия Игор Зубов, муовини вазири корҳои дохилии Русия ҳузур дошт, ки масъалаи муҳоҷиратро дар ин вазоратро роҳбарӣ мекунад. Матвиенко хитоб ба ӯ дар робита ба масъалаи такрор ба такрор имтиҳон супурдани муҳоҷирон гуфт:

"Игор Николаевич, зарур аст ба чигунании дар амал татбиқ шудани қонунҳо таваҷҷуҳ кунем. Шаҳрвандони Беларус, Украина ва давлатҳои дигар, ки ба кишвари мо меоянд, патент мегиранд. Нафаре барои се моҳ, дигарон барои як сол. Ва ҳар боре, ки онҳо патент мегиранд, маҷбуранд аз нав имтиҳони забони русӣ супоранд, аз нав аз ташхиси тиббӣ гузаранд, ҳол он ки баъзеи онҳо солҳои дароз дар инҷо кор мекунанд. Ба фикрам, инҷо касе тиҷорат карда истодааст. Чун гузаштани ин марҳилаҳо нархи хеле гарон дорад."

Матвиенко :"Имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон ба "бизнес" табдил ёфтааст!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

Дар оғоз, вақте Мативенко аз Зубов пурсид, ки оё медонад, нархи имтиҳони забони русӣ чанд аст, ӯ посух дод: "Не". Матвиенко дар ҳол ишора кард, ки чӣ гуна ӯ соҳаи муҳоҷиратро роҳбарӣ мекунад, дар ҳоле ки чунин иттилоъро намедонад.

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия ҳамчунон аз вакилони дигар хост, ин равандро назорат кунанд, чун ба гуфтаи ӯ ба унвонии онҳо аз муҳоҷирони корӣ шикояти зиёд дар ин бора ворид мешавад.

Ӯ гуфт: "Вақте шахс имтиҳони забон супурд, чанд сол шуд ин ҷо кор мекунад, чӣ зарурате ҳаст, ки аз нав имтиҳон супорад? Шумо медонед, ки барои супурдани имтиҳони забони русӣ шахс бояд чанд пул диҳад?"

Игор Зубов дафъаи дувум чунин ҷавоб дод: "Фармони нави президент содир шуд, ки ин марҳилаҳоро осонтар мекунад. Нархи ин имтиҳон 5 ҳазор рубл аст".

Валентина Мативенко: "Чӣ қадар?"

Игор Зубов: "Наздик ба 5 ҳазор рубл."

Валентина Матвиенко: "Акнун тасаввур кунед, панҷ ҳазор рубл барои як муҳоҷир чӣ маъно дорад? Онҳо меоянд дар беҳтарин ҳолат 15 ҳазор рубл маош мегиранд, гоҳе 10 ҳазор рубл, бархе аз ин бештар. Ва ӯ маҷбур аст, такроран ҳангоми гирифтани патент 5 ҳазор рубл пардозад. Ин пулҳо ба ҷайби кӣ меравад Игор Николаевич? Тартиботро ҷорӣ кунед ва ба Шӯрои Федератсия гузориш диҳед, ки кай ин таҳқир нисбат ба муҳоҷирон хотима меёбад? Агар қонунҳо монеи ин коранд, ба мо гузориш диҳед, қонунҳоро иваз мекунем."

Дар Русия хеле кам иттифоқ меафтад, ки масъалаи муҳоҷират ҷиддӣ баррасӣ шавад ва ин интиқоди Матвиенкоро баъзе аз муҳоҷирони тоҷик то ҷое бесобиқа медонанд. Аммо, гуруҳе дигар мегӯянд, ба ҳар ҳол, мунтазир бояд шуд, ки мақомоти Русия чӣ кор мекунанд.

"Дар Тоҷикистону Русия ҳар сари чанд вақт ба ин монанд изҳорот медиҳанд, аммо то дар амал чизе тағйир наёбад, бовар кардан мушкил аст. Аз замони ҷорӣ шудани имтиҳон чандин сол гузашт, магар то ин вақт бехабар буданд? Агар тағйироте шавад, пас, дар ин масъала ҷиддӣ будаанд, вагарна касе бо ин изҳорот хотири муҳоҷиронро ҷамъ ва онҳоро дубора ба ин кишвар дилгарм карду бас", -- гуфт муҳоҷири тоҷик дар Русия Иброҳими Абдулло рӯзи 16-уми март.

Муҳоҷирони кории тоҷик аз соли 2013 ба ин сӯ барои ба даст овардани патент бояд аз забони русӣ имтиҳон супоранд ва аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Аз як сӯ на ҳамаи муҳоҷирон барои супурдани имтиҳон дониши хуб доранд, аз сӯи дигар нархи ин имтиҳон барои муҳоҷирон гарон аст.

Ин аст, ки як бахше аз муҳоҷирон тавони молии пардохти пули имтиҳонро надоранд ва бидуни санад кор мекунанд ва мавриди тамаъҷӯии пулис қарор мегиранд ё зимни тафтиши саросарӣ аз Русия ихроҷ карда мешаванд.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки дар ҳудуди ин кишвар як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон ин рақамро тақрибан ним миллион шумурдааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG