Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонсии омори назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, дар дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ қимати маҳсулоти озуқа дар кишвар 7 дар сад боло рафтааст.
Ӯ, рӯзи 4-уми август ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, чунин арзёбӣ бар асоси таҳлилҳо дар 450 бозору мағоза ва нуқтаҳои фурӯш сурат гирифтааст.
Аз нархи орд то нархи тарбуз
Баъзе бозоршиносон бар ин назаранд, ки нархи маҳсулоти ғизоӣ бо суръат гарон мешавад ва нишондоди қимати воқеии нархҳо метавонад аз омори расмӣ бештар бошад. Як таҳлили барномаи Созмони милал дар бозорҳои кишвар маълум кардааст, ки дар як ҳафтаи ахир нархи маводи ниёзи аввал дар бархе аз бозорҳо то 60 дар сад зиёд шудааст.
Раиси Оҷонсии омор омили афзоиши қиматҳо ва дар нисбати кадом навъи маҳсулот гароншавии нархҳоро тавзеҳ надод. Вай танҳо таъкид намуд, ки 548 номгӯи маҳсулот ба таварруми молҳо фаро гирифта мешаванд, ки 112 тои он маҳсулоти озуқа аст. "Масалан, аз маҳсулоти нонӣ гирем, биринҷ, орд, макарон, гушт, шир, равған, мевагӣ, тарбузу харбуза, картошка, пиёз"-афзуд, ӯ.
Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонсии омор дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш ба пурсиши батакрори хабарнигорон аз гуфтани ҳаҷми сабади истеъмолии сокинон худдорӣ кард. Хонум Ҳасанова таъкид кард, ки дар ин бора қарори ҳукумат аст, вале аз сабаби он ки то ҳол тасдиқ нашудааст, чизе гуфта наметавонад.
Сабаби гарониҳо дар чист?
Гаронии 7 дар садии нархи маҳсулот дар ҳолест, ки ба иттилои Бонки миллӣ, дар нимаи аввали соли ҷорӣ қурби асъори аслии воридотӣ, яъне доллари амрикоӣ, дар баробари сомонӣ 6,5 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи коршиносон, омили гаронии нархҳо дар Тоҷикистон гуногунанд. Бозоршинос Абдураҳмон Ҳакимзода, рӯзи 4-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, феълан як сабаби гаронии нархҳо нооромиҳо дар Украина ва таҳримҳои кишварҳои ғарб нисбати Русия аст. Ӯ ҳамзамон таъкид намуд, ки дар баробари маҳсулоти воридотӣ, гаронии қимати маҳсулотӣ ватанӣ низ идома дорад, ки ин бозгӯкунандаи бетаваҷҷӯҳии мақомот, набуди назорат ё як низоми дуруст дар бозорҳо аст. "Албатта, ин ба бозори мо таъсири худро мерасонад, чунки Русия ин шарики асосӣ ва стартегии Тоҷикистон мебошад. Дуюм монополия кардани баъзе аз бахшҳои хоҷагии халқ, махсусан бозори истеъмолӣ, сеюм ин рушд накардани истеҳсолоти ватанӣ, зеро мо бештар аз 60 фисади маводи хурокаро аз дигар кишварҳо ворид мекунем. Пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо, хароҷоти нақлиёт, дигару дигар ҳамаи ин ба нархи маҳсулот зам мешавад ва ҳамин сабаб молу маҳсулот қимат мешавад,"-гуфт, Абдураҳмон Ҳакимзода.
Ин бозоршинос таъкид намуд, ки омори 7 дар садии мақомот дар мавриди афзоиши нархи маҳсулот воқеӣ нест ва мутахассисон дар ин самт талош мекунанд, аз гуфтани воқеият худдорӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, "то ошкорбаёнӣ ва таҳлилҳои дуруст сурат нагирад дар ин масъала пешравӣ намешавад."
Болоравии нархи маҳсулот сунъист?
Бино ба гузориши Барномаи озуқавории СММ, дар бораи вазъи бозори Тоҷикистон дар як ҳафтаи ахир нархи маҳсулоте мисли шакару, тухм ва картошкаву сабзӣ дар бархе аз бозорҳо аз 2 то беш аз 60 дар сад боло рафтааст. Нархи орд, ба фарқ аз ҳафтаи пеш 6 дар сад зиёд шудааст. Дар маҷмӯъ биноба таҳлили барномаи озуқа, дар фурушгоҳҳои кишвар бештар аз ҳама пиёз қиммат шудааст. Нархи пиёз дар як ҳафта 13 дар сад ва дар як моҳи ахир 71 дар сад боло рафта, арзиши он то ба 9 сомонӣ расидааст. Ҳамин тавр ба иттилои таҳлилгарон, дар қисме аз бозорҳо нархи орду, равған, гушти мурғ нисбатан арзон будааст.
Дар маҷмӯъ аз як сол боз сокинони кишвар аз афзоиши босуръати маҳсулоти ниёзи аввал гила мекунанд. Онҳо мегӯянд, тоҷирон дар бисёр маврид қиматҳоро ба таври сунъӣ боло мебаранд, зеро ба гуфтаи онҳо арзи аслии воридотӣ, доллари амрикоӣ ба таври қобили мулоҳиза поин шудааст, вале нархҳо баръакс боло. Ин иддаоро тоҷирон беасос медоданд ва борҳо таъкид кардаанд, ки болоравии нархҳо ба онҳо чандон бастагӣ надорад.
Иқтисоди Тоҷикистон, ба гуфтаи муассисаҳои байнулмилалии молӣ, дар баробари таконҳои берунии иқтисодӣ осебпазир аст. Бо таваҷҷӯҳ ба чунин вазъ, таҳлилгарон борҳо таъкид намудаанд, ки дар кишвар таваҷҷӯҳ ба истеҳсоли маҳсулоти худӣ бояд бештар шавад.
Бо гарон шудани нархҳо, ҳар замон интиқодҳое аз кори Хадамоти зиддимонополӣ садо медиҳанд, ки ин ниҳод наметавонад ҷилави гаронӣ ва монополистони бозорро гирад. Чунин интиқодҳоро намояндагони Хадамоти зиддимонополӣ беасос медонанд.
Қаблан масъулони ин хадамот гуфта буданд, ки дар ним соли 2022 даҳҳо тоҷирро бо гуноҳи ба гуфтаашон "беасос боло бурдани нархи маҳсулот" зиёда аз ду миллион сомонӣ ҷарима бастанд. Айни замон пинҳон намедоранд, ки бо вуҷуди ин дасти кӯтоҳтаре доранд ва дар ҳама ҳолат наметавонанд ба "бесарусомонӣ" дар нархи бозорҳо таъсир расонанд, аммо намегӯянд, кӣ ё чӣ ба онҳо монеа мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Тоҷикистон содироти пиёзро ба Русия манъ кардааст. ВИДЕОМушкили шакар Тоҷикистонро ба Ҳинду Покистон бурд. ВИДЕОДоллар ба боло, нархи маҳсулот ба боло. Доллар ба поин, нархҳо чӣ?"Бигзор маош бетағйир монад, нархи маҳсулотро боло набаранд" ВИДЕО