Субҳи 6-уми август бо ширкати дабири кулли СММ Антонио Гутерреш дар шаҳри Ҳиросимаи Ҷопон маросими бузургдошти хотири қурбониҳои таркиши атомии 77 соли пеш барпо шуд. Дар маросиме, ки ҳар сол мегузарад, Гутерреш аз хатари силоҳҳои атомӣ ҳушдор дод. Бо ёдоварӣ аз фоҷеаи шаҳри ҷопонӣ дар соли 1945, Гутерреш аз хатарҳои замони имрӯз ва вазъи бӯҳронӣ дар Украина, Ховари Миёна ва нимҷазираи Корея ёдовар шуд. Рӯзи 6-уми августи соли 1945 ИМА болои шаҳри Ҳиросима бомбаи атомӣ партофт ва дар натиҷаи он, аз ҷумла, бар асари радиатсия 140 ҳазор нафар ҷон дод. Гутерреш гуфт, «одамият бо силоҳ бозӣ мекунад». Ӯ гуфт, дар он фоҷеа “дар як мижа задан даҳҳо ҳазор сокини як шаҳр кушта шуд. Занон, кӯдакон ва мардон дар оташи ҷаҳаннам сӯхтанд”.
Гутерреш паёми ҳафтаи ҷории худро, ки аз минбари конфронси созишномаи адами тавсеаи силоҳҳо дар Ню-Йорк садо дод, такрор карда гуфт, имрӯз “бӯҳрони олудаи ҳастаӣ аз Ховари Миёна то нимҷазираи Кореяву ишғоли Украина аз ҷониби Русия босуръат паҳн мешавад”. Ӯ гуфт: “Мо бояд бипурсем, ки оё аз дуди замбӯрӯғмонанде, ки фазои ин шаҳрро баста буд, чӣ омӯхтем?”
Барои сокинони маҳаллӣ дар боғи ёдбуди қурбониёни фоҷеаи атомии Ҳиросима маросими гулгузорӣ ва лаҳзаи сукут баргузор шуд. Ба ин маросим сафири Русия дар Ҷопон даъват нашуд, вале ба иттилои матбуот, ӯ рӯзи 4-уми август дар як маросими гулгузорӣ иштирок кард.