"Духтарамро куштанд". Хонаводаи Розия ба хулосаҳои тафтишот бовар надорад. ВИДЕО

Акси Розия Эгамберидева

Пайвандони як зани ҷавоне аз шаҳри Турсунзода, ки ду моҳ қабл ҷасадаш дар истироҳатгоҳи “Гулобод”-и Варзоб пайдо шуд, ба марги табиии ӯ бовар надоранд.

Онҳо мегӯянд, духтарашон беморие надошт ва наметавонист ногаҳонӣ фавтад. Вале мақомот гуфтаанд, таҳқиқ марги маҷбурии Розия Эгамбердиеваро ошкор накард ва духтари ин хонавода дар пайи истеъмоли барзиёди машрубот фавтидааст. Волидони Розия Эгамбердиеваи 28-сола гуфтанд, ӯ коллеҷи тиббиро хатм карда, нуҳ сол пеш аз шавҳараш ҷудо шуда, бо як писараш дар хонаи падар зиндагӣ дошт.

Зумрад Эгамбердиева модари Розия, аз он шикоят дорад, ки марги духтараш дуруст таҳқиқ нашудааст. Ӯ мегӯяд, ҳатто дурбинҳои назоратии истироҳатгоҳро барояш нишон надоданд, то бубинад бори охир духтараш чӣ ҳол дошт ва киҳо наздаш буданд. Розия 4-уми июни имсол ҳамроҳ бо писари 8-солаи худ ва хоҳару як дугонааш барои таҷлили зодрӯзи яке аз шиносҳояшон ба ин осоишгоҳ рафта буд.

Аммо, ба нақли хоҳараш, субҳи 5-уми июн ҷасади ӯро дар утоқе пайдо карданд, ки шаб ҷавоне бо номи Н.Н ҳамроҳи ӯ буд. Бар асоси санади Додситонии ноҳияи Варзоб, ки ҳодисаро таҳқиқ кардааст, номи чаҳор ҷавоне ҳам дар ҳодиса зикр шудааст, ки он шаб ҳамроҳи зани фавтида ва хоҳару дугонааш дар осоишгоҳи “Гулобод”-и Варзоб буданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таҷлили зодрӯз ба фоҷеа табдил ёфт. Наздикони зани фавтида ба марги табиӣ бовар надоранд

Таҳмина Эгамбердиева, хоҳари Розия, ки он рӯз он ҷо будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо то шаб хушҳолӣ карданд ва баъдан мехостанд, хоб кунанд, аммо ҷавоне бо номи Н.Н., ки маҳз ӯ онҳоро барои истироҳат даъват карда буд, нагузошт, вай назди хоҳараш дар як утоқ бихобад. Таҳмина мегӯяд, дар воқеъ апааш бо ҳамроҳонаш шароб нӯшида буд, аммо ӯ худро пурра идора карда метавонист.

Пайвандон иддао доранд, ки Розия қабл аз маргаш таҷовуз шудаааст. “Ман вақте кӯдаки апаамро аз хоҷатхона овардам, дар пеши дар Назир истода буд, маро даромадан намонд ва гуфт, "рав, аз инҷо дафъ шав". Баъд дарро маҳкам кард, овози апаамро фаҳмидам, вайро таҷовуз кард. Мақсади таҷовуз карданро намедошт, чаро маро намонд, ки дароям,” - нақл кард ӯ.

Волидони Розия иддао доранд, ки духтарашонро ҷавоне куштааст, ки онҳоро ба зодрӯз даъват карда буд. Чун, ба гуфтаи хоҳари маҳрум, Н.Н бо апаи ӯ қаблан шинос буд ва бо ҳам тамос доштанд. Ӯ мегӯяд, вақте мақомот барои ташхиси ҷасад омаданд, ин ҷавон ба ӯ таҳдид кардаст, то аз гуфтаҳои ӯ берун забонхат надиҳад. Н.Н (ному насабаш дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст) яке аз ҷаҳор ҷавонест, ки қабл аз пайдо шудани ҷасад ҳамроҳ истироҳат доштанд. Вай то нашри матлаб ба тамосҳои Радиои Озодӣ ҷавоб надод.

Дар санади Додситонии ноҳияи Варзоб, ки ҳодисаро таҳқиқ кардааст ва нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, омадааст: Розия “... аз сабаби истеъмол намудани маводи спиртӣ, сархуш шуда, дар болои кати хоби яке аз ҳуҷраҳои ин истироҳатгоҳ хоб кардааст. Субҳи рузи 5-уми июни соли 2022 аз болои кати хоби ҳуҷраи истироҳатгоҳи дар боло зикршуда ҷасади марҳума Эгамбердиева Розия Абдумаҷидовна бе аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд”.

Аммо волидони ин зани фавтида ба ин хулосаи додситонӣ розӣ нестанд ва мегӯянд, дар бадани Розия осори зарбу латро дидаанд. Зумрад Эгамбердиева гуфт: “Ман бо хулосаи эксперт розӣ нестам. Дар пешонии духтарам осори зарб буд. Маълум буд, ки духтарамро буғӣ кардаанд, чун дар пеши даҳону бинияш пайи даст буд. Чӣ, инро эксперт надида, танҳо машрубот мегӯяд?”

Хулосаи ташхис сабаб гаштааст, ки барои таҳқиқи бештари марги Розия парванда боз карда нашавад. Вале наздикони Розия мехоҳанд, бо расонаӣ кардани ин ҳодиса, марги ӯ аз нав таҳқиқ карда шавад ва ҳақ ба ҳақдор расад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Гумонбарони таҷовуз ба духтари 13-солаи қирғизистонӣ айбҳоро рад кардандМуфаттиш таҷовузи наврас дар Вахшро тасдиқ накард. Модар бовар надорад. ВИДЕО“Таҷовуз ба номуси ноболиғ”. 12 соли зиндон барои чизе, ки нашудаастБаҳси озори ҷинсӣ. “Бадахлоқӣ” ба “зӯроварии шаҳвонӣ” иваз шуд. ВИДЕО