Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Таҷовуз ба номуси ноболиғ”. 12 соли зиндон барои чизе, ки нашудааст


Тасвир аз бойгонӣ
Тасвир аз бойгонӣ

Наздикони як ҷавони 21-сола мегӯянд, ки фарзандашон зери шиканҷаи мақомоти тафтишотӣ гуноҳи "таҷовуз ба номуси ноболиғ"-ро ба гардан гирифтааст. Пайвандони ноболиғ низ бар инанд, ки духтарашон зери фишор рух додани “ҷиноят”-ро тасдиқ кардааст, аммо ташхиси пизишкӣ бакорати ӯро солим нишон медиҳад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон сеюми август Мустақим Мустафоқулов, сокини шаҳри Ҳисорро ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси ноболиғи чаҳордаҳсола (моддаи 138-и Кодекси ҷиноятӣ) ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ҳукм гуфта шудааст, ки маҳкумшуда шаби 12-уми январи имсол духтари ноболиғро ба як манзили иҷора бурда, ба номусаш таҷовуз кардааст. Вай дар асно, ба гуфтаи додгоҳ, сармаст будааст.

Як шаб дар хонаи иҷора

Худи ноболиғ ва ҳам маҳкумшуда дар мурофиаҳои додгоҳӣ тасдиқ намудаанд, ки пас аз шиносоӣ ва сайругаште дар Қалъаи Ҳисор ба манзили иҷорае рафта, он ҷо танҳо робитаи ошиқона намудаанд. Адвокати маҳкумшуда мегӯяд, қабл аз мурофиаҳои додгоҳӣ, ноболиғ ва зерҳимояаш ба муфаттиши парванда баёнот додаанд, ки як маротиба алоқаи ҷинсӣ кардаанд. Ба қавли ӯ, чунин нишондод зери шиканҷаву фишори мақомоти тафтишотӣ сурат гирифтааст, ки баъдан онро дар мурофиа тағйир дода, гуфтаанд, ҳеҷ гуна алоқаи ҷинсӣ надоштаанд.

Хонаводаҳои ҷавони маҳкумшуда ва ноболиғ низ бар ин назаранд, ки ҳардуи онҳо зери фишори мақомоти тафтишотӣ маҷбур шудаанд, нишондоди бардуруғ диҳанд, ки алоқаи ҷинсӣ кардаанд.

Назокат Саидова, модари Мустақим Мустафоқуллов, рӯзи 24-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳоро ба мурофиаҳои додгоҳии писараш роҳ надодаанд. Ӯ ба гунаҳкории писараш ва қарори додгоҳ бовар надорад. "Як бор ширкат кардем, дигар дар пушти дар будем, ҳукм бе ширкати мо эълон шуд, агар гунаҳкор аст ва исбот карда тавонистанд, пас чаро аз мо пинҳон карданд? Аз аввал ноадолатӣ шуд, Саломзода Сулаймонӣ, муфаттиши прокуратураи Ҳисор писарамро шиканҷа кардааст, ки иқрор шавад, писарамро маҷбур кардааст, ки бигӯяд, духтарро як бор расидааст, ба кормандони милиса супориш додааст, ки фарзандамро шиканҷа кунанд, то гуноҳро ба гардан гирад, сахт азобаш додаанд, пайи шиканҷа дар бадани писарам намудор буд, аз ноилоҷӣ маҷбур мешаваду мегӯяд, бале як бор бо духтар алоқаи ҷинсӣ кардам,"-- гуфт Назокат Саидова, модари Мустақим Мустафоқулов.

Саломзода Сулаймонӣ, муфаттиши парвандаи Мустақим, 24­-уми август дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ иддаои шиканҷаро тасдиқ ё рад накарда, гуфт, "дар ин бора додгоҳ ҳукм баровардааст". Ба пурсиши батакрори мо, ки нисбати шикояти наздикони маҳкумшуда дар бораи аз роҳи шиканҷа ба даст овардани худиқрорӣ чӣ назар доред, чунин посух дод, ки "саломат бошед" ва гуширо қатъ кард.

Талошҳои дурӯзаи мо барои фаҳмидани назари додраси парванда бенатиҷа буд. Рӯзи 25-уми август дар Додгоҳи олии Тоҷикистон касе ҳозир нашуд дар бораи парвандаи Мустақим Мустафоқулов сӯҳбат кунад. Дар Дафтари матбуотии ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, додраси парванда Тағозода Абдуқаҳҳор ҳоло банд аст ва наметавонад суҳбат кунад.​

Духтар солим аст

Ҳарчанд дар қарори додгоҳ зикр шудааст, ки бо пурсиши шоҳидон, протоколи азназаргузаронии ҷои ҳодиса ва хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ гуноҳи Мустақим исботи худро ёфтааст, адвокати ӯ чизи дигар мегӯяд.

Абдукарим Абдуҳамидов, вакили дифои Мустақим Мустафоқулов мегӯяд, баръакс, хулосаи ташхиси тиббиву судӣ нишон додааст, ки зерҳимояаш бегуноҳ аст, вале он аз сӯи додрас ба назар гирифта нашудааст: "Натиҷаи ташхиси судӣ-тиббӣ таҷовуз шудани духтарро аз сӯи ҷавон тасдиқ накард, ҳеҷ гуна ҳолати зӯроварӣ ё дар ҳолати оҷизӣ будани ноболиғ низ исбот нашуд, худи духтар сиҳату солим аст ва ҳеҷ шикояте надорад".

Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббиву додгоҳӣ дар хулосаи худ бакорати ноболиғро "бутун", яъне вайроннашуда ташхис додааст. Дар нусхаи ташхис, ки дастраси Радиои Озодӣ гардид, таъкид шудааст, ки "ҳолати анатомии пардаи бакоратии ноболиғ қобилияти алоқаи ҷинсиро намудан бе вайроншавии он имкон дорад". Бар асоси нишондоди ин ташхис дар бадани ноболиғ баъзе ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар намуди хуномосҳо ба назар мерасад, ки мумкин ҳангоми сахт бӯсидани пуст пайдо шудаанд.

Рӯшан нест, муфаттиш ба чӣ далел парвандаро бо иттиҳоми Мустафоқулов анҷом дода, судя ин иттиҳомро тасдиқ кардааст.

Наздикони маҳкумшуда мегӯянд, фарзандашон аз қабл ноболиғро намешинохтааст. "Онҳо тасодуфан шинос мешаванд, вақте ноболиғ шаб ба хонаашон намераваду ҳамроҳи Мустақим ба манзили иҷро мераванд, хонаводаашон хавотир шуда, ӯро мекобанд ва ба милисаҳо низ хабар медиҳанд, ки ӯ аз хона баромада дигар барнагаштааст, пас аз як рӯз, баъди пайдо кардани ӯ бозпурсӣ мешавад ва барои кормандони милиса маълум мешавад, ки шаб бо Мустақим будааст,"-- гуфт яке аз хоҳарони маҳкумшуда, ки нахост номаш бурда шавад.​

Ишқи ду ҷавон?

Пайвандони ҷавон бар инанд, ки шояд миёни Мустақим ва ноболиғ робитаи ошиқона шуда бошад ва додрас набояд ӯро ба иттиҳоми таҷовуз бо истифода аз ҳолати оҷизии ноболиғ муҷозот мекард. Як аъзои хонаводаи ноболиғ дар сӯҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбати маҳкумшуда шикоят надоранд. Ӯ афзуд, ки ноболиғро ҳангоми тафтиши парванда тарсонидаанд, ки нишондод диҳад, таҷовуз шудааст.

Ҳоло адвокати маҳкумшуда аз болои ҳукми зерҳимояаш ба Коллегияи додгоҳии Додгоҳи олӣ шикоят бурда, хостори баррасии одилонаи парванда аст. Хонаводаи маҳкумшуда ба раиси ҷумҳур, раиси Маҷлиси миллӣ, додситонии кулли Тоҷикистон нома навишта, хостори дахолат ба қазияи фарзандашон шудаанд.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бокирагии духтарон ва дастдарозӣ нисбати ноболиғон ҷиддӣ бархӯрд мешавад. Бо таваҷҷӯҳ ба ҳассос будани ин гуна қазияҳо, ҳуқуқшиносон борҳо таъкид кардаанд, ки мақомоти тафтишотиву додгоҳӣ бояд дар баррасии парвандаҳо муносибати ҷиддӣ ва одилона дошта бошанд. Аммо парвандаҳои зиёде мавҷуд аст, ки аз шиканҷа шудани гумонбаршудагон ба хотири дастёфт ба иқрор ҳикоят мекунанд. Бо вуҷуди талошҳо шумораи онҳо кам намешавад.

Ин дар ҳолест, ки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз зердастонаш хостааст, барои омор шуда, даст ба шиканҷа назананд.

XS
SM
MD
LG