Украина гуфт, ки баробар бо идомаи ҳамла ба чандин минтақаи ин кишвар, Маскав ҳоло тамаркузашро сари шаҳри Кривой Рог - зодгоҳи Владимир Зеленский, президенти Украина равона кардааст.
Раҳбари минтақаи шарқии Донетск, Павло Кириленко дар Телеграм-канал гуфт, ки дар 24 соати гузашта дар шаҳрҳои Бахмут, Мариинка ва Шевченко се нафар куштаву панҷ нафар маҷрӯҳ шуданд.
Дмитро Живитский, волии Суми, ки дар сарҳади Русия ҷойгир аст, гуфт, ки рӯзи 3-юми август ба ин шаҳрҳо аз ҷониби Русия 55 мушак партоб шуд. Ба гуфтаи Живитский, ҳашт мушак ба манзилҳои истиқоматии маҳаллаи Краснопилска асобат кард.
Рӯзи 4-уми август ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳои Украина хабар дод, ки Русия акнун ҳамлаҳо ба самти шаҳри Кривой Рогро ба роҳ мемонад. Ин шаҳри саноатӣ, ки дар он Зеленский бузург шудааст, дар 50-килметрии марзҳои ҷанубии хати ҷанг ҷойгир мебошад.
Дар иттилоияи вазорати дифои Бритониё гуфта шуд, ки украиниҳо ҳам мушакандозӣ ба қароргоҳҳо, низомиён, амборҳову дигар маконҳои низомии русҳоро идома медиҳанд.