Шарти пардохти пул ба ихтиёриёни ҷанг дар Украина тағйир ёфт

Ҷанги Русия дар Украина. Акс аз бойгонӣ.

Барои иштирок дар ҷанги Украина дар вилоятҳои Новосибирск, Қурғон, Саратов ва Уляновск гуруҳҳои нави ихтиёрӣ ташкил карда мешаванд.

Ба аъзои гуруҳҳо пардохти якдафъаина дар ҳаҷми 300 ҳазор рубл пешниҳод мешавад. Институти омӯзиши ҷанг (ISW) гуфтааст, шароити пардохти маблағ ба ихтиёриёни ҷанги Украина дар минтақаҳои Русия дигар мешавад.

Аз ҷумла, дар ҳукумати Бошқирдистон гуфтанд, пардохти ҳаррӯза дар ҳаҷми 2 ҳазор рубли русӣ, моҳе як бор дода мешавад. Ҳамчунин ба аъзои ду гуруҳ аз вилояти Саратов гуфтаанд, ки 150 ҳазор рубли ваъдашударо танҳо пас аз се моҳи имзои қарордод хоҳанд гирифт.

Ба назари коршиносони ISW, мақомоти рус шароити пардохти маблағро барои он тағйир медиҳанд, ки ихтиёриён баъди гирифтани пул аз рафтан ба ҷанги Украина худдорӣ накунанд.

Пештар беш аз 40 ихтиёрӣ аз Чуваши Русия ба раҳбарияти ҷумҳурии худ шикоят карда буданд, ки пули ваъдашуда дар қарордоди иштирок дар ҷанги Украинаро наметавонанд дарёфт кунанд.