Раҳбари Қарабоғи Куҳӣ Араик Арутюнян 3 август фармон дар бораи сафарбаркунии як қисми низомиёнро имзо кардааст. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ дод.
Ин тасмим дар пасманзари шиддат гирифтани низои Арманистону Озарбойҷон дар минтақа гирифта шудааст. Низомиёни Қарабоғи Куҳӣ аз кушта шудани ду сарбоз дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон ва захмӣ шудани чанд сарбоз хабар доданд.
Боку дар навбати худ гуфт, бар асари оташкушоии ҷониби Арманистон дар вилояти Лочин як низомии Озарбойҷон ба ҳалокат расидааст.
Низоъ миёни Арманистону Озарбойҷон тирамоҳи соли 2020 дубора шиддат гирифт. Боку ва Ереван баъди 44 рӯзи задухӯрдҳои мусаллаҳона бо миёнҷигарии Маскав созишнома дар бораи қатъи ҷангро имзо карданд.