Нархи билетҳои парвоз ба Русия якбора боло рафт

Акс аз соли 2015

Нархи билетҳои парвоз аз Тоҷикистон ба Русия якбора боло рафта, назар ба ду ҳафта пеш тахминан ду баробар зиёд шудааст. Дар ҳоле, ки ки шикоятҳо аз баланд шудани нархи билетҳо садо медиҳанд, дар бархе нуқтаҳои билетфурӯшӣ мегӯянд, ки ин афзоиш дар ҳама ширкатҳо – “Сомон Эйр”, “Уральские авиалинии” ва “Ютейр” мушоҳида мешавад.

Рӯзи 3-юми август нархи билети парвоз ба Маскав аз Душанбе ба ҳисоби миёна 5400 сомониро ташкил медиҳад ва бозгашт аз Маскав ба Душанбе тахминан 1800 сомонӣ. Ба қавли як ширкати билетфурӯшӣ, ду ҳафта пеш билетҳо тахминан ду баробар арзонтар буданд. Аз ҷумла нархи билет ба Маскав аз 3400 сомонӣ шурӯъ мешуд. Ҳоло, ба гуфтаи ин ширкат, парвоз ба Маскав аз шаҳри Бохтар тахминан 1 ҳазор сомонӣ камтар аст.

Мақомот ҷаҳиши нархи парвоз ба Русияро, ки макони аслии кору даромади шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият шудааст, шарҳ намедиҳанд. Мавзӯи гаронии нархи парвозҳои ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон мавриди интиқоди шадид ва шикоятҳои мардум аст ва коршиносон чунин ҳолро ба монополия шудани ин соҳа аз ҷониби афроди наздик ба ҳукумат рабт медиҳанд.