Одиназодаро дар Австралия 6 сол зиндон таҳдид мекунад

Абдусалом Одиназода.

Собиқ муҳаққиқи Донишгоҳи Австралияи ғарбӣ ва шаҳрванди Тоҷикистон Абдусалом Одиназода эътироф кардааст, ки ба ташвиқи ҳамлаҳои экстремистӣ машғул буд. Ҳоло ӯро хатари то 6 соли зиндон таҳдид мекунад. Одиназодаи 54-сола бо ихтисоси биохимик бо иттиҳоми марбут ба экстремизму терроризм боздошт шуда буд.

Вебсайти хабарии West Australian рӯзи 1-уми август навишт, муҳаққиқи тоҷикистонӣ ва "яке аз хатарноктарин шахсиятҳо дар аёлат" эътироф кардааст, ки барои анҷоми ҳамлаҳои тундгароёна даъватҳо кардааст. Ба навиштаи ин манбаъ, Одиназода аз феврали соли 2020 ба хотири шабакаи видеои онлайниаш мавриди таваҷҷӯҳи сохторҳои тафтишотии Австралия қарор гирифт. Мақомот гуфтаанд, ки дар мӯҳтавои сӯҳбатҳои ӯ "даъват ба хушунати дорои ангезаҳои сиёсӣ" дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст.

Ду моҳ баъди ин, дар натиҷаи кофтукоби хонаи Одиназода аз ҷониби пулиси федеролии Австралия, чандин дастгоҳи электронӣ мусодира шуд. Танҳо моҳи декабр донишманди собиқро барои пуштибонӣ аз амалҳои террористӣ гумонбар эълон карданд ва аз рӯи ин модда ба ӯ то шаш соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар мурофиаи имрӯза, ки дар додгоҳи ноҳиявии Австралияи Ғарбӣ барпо шуд, Абдусалом Одиназода эътироф кардааст, ки ба анҷоми амалҳои террористӣ даъват мекард. Аз парвандаи ӯ ду иттиҳом кам карда шуд ва ҳоло Одиназода дар се ҳолат барои қонуншиканӣ гумонбар дониста мешавад. Интизор меравад, ки ҳукми ӯ моҳи оянда содир шавад.

Вебсайти West Australian мегӯяд, ҷузъиёти ҳарфҳои Одиназода дар додгоҳ нашр намешавад, вале маълум шудааст, ки иттиҳомҳои тафтишот марҳилаи январ то марти соли 2019-ро дар бар мегирад. Одиназода, ки гуфтааст, беш аз даҳ сол дар донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ аз рӯи ихтисоси биохимик кор кардааст, аз замони боздошта пушти панҷара ба сар мебарад.

Мавқеи ҳукумати Тоҷикистон ба ҷараёни кунунии қазияи Одиназода рӯшан нест, вале чор сол пеш мақомоти тоҷик низ Абдусалом Одиназодаро ба "даъвати оммавӣ барои сарнагунии ҳукумат" ва "даъват ба ифротгароӣ тавассути Интернет", муттаҳам карда буданд.

Аммо дар чанд мавриде, ки Одиназода аз раҳбарони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ танқид кард, саҳифаҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон наворҳои ӯро бознашр ва аз худи ӯ ситоиш намуданд.