Бритониё аз эҳтимоли раъйпурсӣ дар баъзе гӯшаҳои Украина гуфт

Донетск

Вазорати мудофиаи Бритониё рӯзи 30-юми июл гуфт, Русия раҳбарони минтақаҳои ишғолкардаашро дар ҷануби Украина зери фишори сахт гузоштааст.

Манбаъ меафзояд, эҳтимол онҳо ба баргузории референдуми пайвастан ба Русия дар охири сол омода мешаванд.

"Мумкин аст, мақомоти маҳаллӣ мардумро маҷбур кунанд, ки маълумоти шахсиро барои таҳияи рӯйхати раъйдиҳандагон бидиҳанд," – гуфтааст Вазорати мудофиаи Бритониё.

Моҳи гузашта маъмурияти низомии зери назорати Маскав дар шаҳри ишғолшудаи Херсон гуфт, ба баргузории ҳамапурсӣ барои пайвастан ба Русия омодагӣ мегиранд.

Херсон, як бандари муҳим дар Баҳри Сиёҳ, аз аввали моҳи март, ҳамагӣ чанд ҳафта пас аз оғози таҷовузи Маскав ба Украина, пурра зери назорати Русия қарор гирифт. Ҳоло нерӯҳои украинӣ талош доранд, онро бозпас бигиранд.

Русия соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро тасарруф кард ва дар пайи як раъйпурсии баҳсбарангез онро ба қаламрави худ дохил намуд.