Зеленский куштори асирони ҷангро "ҷинояти барқасдона" номид

Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, президенти Украина, ҳамла ба зиндоне дар вилояти Донетскро, ки дар онҷо сарбозони асируфтодаи украинӣ нигоҳдорӣ мешуданд, "ҷинояти барқасдонаи ҷангии Русия" номид. Дар ин ҳодиса рӯзи 29-уми июл беш аз 50 кас кушта шудаанд.

Ниҳодҳои амниятии Украина аз Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх тақозо кардаанд, ки ҳарчи зуд гурӯҳҳои тафтишотиро барои таҳқиқи куштори асирони ҷанг бифиристанд.

Зеленский дар паёме зикр кард, ки дар миёни онҳо муҳофизони корхонаи "Азовстал" дар Мариупол низ ҳастанд. Онҳо моҳи майи имсол бо миёнравии Созмони Милал ва Салиби Сурх аз ин корхона берун шудаанд.

Вазорати дифои Русия ва ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскав дар Донетск рӯзи 29-уми июл иддао карданд, ки Украина ба зиндони Оленовка ҳамла кардааст.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар баёнияе иддаои Русияро "найранг" хонд. Манбаъ гуфт, нерӯҳои украинӣ ба ин минтақа ҳеч мушак сар надодаанд.