Аз моҳи январи имсол то ин дам аҳолии Русия 430 ҳазор нафар кам шудааст.
Дар ин бора Оҷонси омори ин кишвар хабар дода, гуфтааст, шумори умумии аҳолӣ ба 145,1 миллион нафар баробар аст.
Ин нишондод аҳолии нимҷазираи ишғолии Қрими Украинаро ҳам дар бар мегирад. Агар сокинони Қрим ба ҳисоб гирифта нашаванд, Русия 142,7 миллион сокин дорад.
Moscow Times навиштааст, дар нимсолаи аввал аҳолии муқимии Русия ба ҳисоби миёна то 86 ҳазор нафар кам шуд. Манбаъ афзудааст, ба ин ҳад кам шудани аҳолиро таърихи муосири Русия ёд надорад.
Ҳатто дар авҷи COVID-19 ҳам, ки дар як рӯз беш аз ҳазор нафар мефавтид, аҳолии Русия то ин дараҷа кам нашуда будааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба омори “Росстат”, дар моҳҳои январ-май маргумир дар Русия камтар шудааст. Дар ин омор, шумори онҳое, ки бо оғози ҷанг дар Украина Русияро тарк кардаанд, оварда нашудааст.
Тибқи омори гуногун, дар ин давра садҳо ҳазор кас аз Русия берун рафтаанд. Аксари онҳо ба далели онки ҳанӯз аз қайд бароварда нашудаанд, ҳамоно сокини Русия шумурда мешаванд.
Ба таври бесобиқа кам шудани сокинони Русия дар ҳолест, ки ахиран мақомоти он кишвар аз афзоиши рекордии пешниҳоди шаҳрвандии Русия ба зодаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар доданд.
Ба иттилои мақомоти рус, дар умум, дар ним соли охир дар ин кишвар беш аз 200 ҳазор зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, шаҳрвандӣ гирифтаанд.
Шумори тоҷиконе, ки дар ин давра соҳиби шиносномаи Русия шуданд, зиёда аз 70 ҳазор нафар гуфта шудааст. Яъне ҳар рӯз беш аз 400 нафар шиносномаи Русияро мегирифтааст.
Ахиран мақомоти Тоҷикистон ҳам аз ду баробар зиёд шудани сафари шаҳрвандон ба хориҷа, бахусус Русия, хабар доданд.