Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муслим Шерзамонов, бародари Алим Шерзамонов, фаъоли мухолифонро ба 18 сол зиндон маҳкум кардааст.
Мақомот дар бораи ҳукм ҷузъиёт намедиҳанд. Алим Шерзамонов ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳукм рӯзи 29-уми июл содир шуд”.
Мақомот рӯзи 12-уми июни имсол эълон карданд, ки аз хонаи Муслим Шерзамонов "1 автомати Калашников бо 1 тирдон, 18 тири қутраш 5,45 мм, 2 норинҷаки Ф-1 ёфта" ва мусодира карданд. Наздиконаш инро рад карда, гуфтанд, худаш бо даъватнома ба бозпурсӣ рафта буд.
Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, ҳукми додгоҳро ғайри қобили қабул донист.
Ӯ гуфт: “То имрӯз дар бораи онки бародарамро бо кадом банди қонуни ҷиноӣ гунаҳкор карданд, иттилоъ надорам. Наздикон чизе намедонанд. Адвокате, ки ба сахтӣ пайдо карда будем, чизе намегӯяд. Дар боздоштгоҳ хешу табор ӯро дида буданд, вале худаш низ чизе нагуфтааст,” – гуфт ӯ.
Мақомот Муслим Шерзамонов, бародари 56-солаи фаъоли сиёсиии тоҷикро узви “гурӯҳи муташакили ҷиноӣ” номида буданд.
Алим Шерзамонов, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад, мегӯяд, бародараш ба ҳеч гуруҳ ҳамроҳ набуд ва ӯро ба хотири фаъолиятҳои сиёсии ӯ таъқиб кардаанд.
Ба иттилои пайвандонаш, Муслим Шерзамонов дар аҳди Шӯравӣ техникумро бо ихтисоси сохтмончӣ хатм карда, сипас дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ таърихро омӯхт. Ӯ соҳиби шаш фарзанд ва як ширкати сохтмонӣ дар Хоруғ будааст.
Вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нимаи моҳи майи имсол пас аз саркӯби эътирозгарон дар Хоруғ печида шуд.
Дар ҷараёни амалиёт дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ даҳҳо нафар кушта ва даҳҳо каси дигар дастгир шуданд. Мақомот онҳоро “узви гуруҳи ҷиноӣ” меноманд. Наздиконашон мегӯянд, онҳо ба ҳеч гуруҳе рабт надоштанд ва танҳо барои ҳимоят аз ҳаққи худ ба кӯчаҳо баромада буданд.