Пажуҳиши нав пайдошавии COVID-19-ро дар бозори Вуҳан тасдиқ кард

Яке аз бозорҳои шаҳри Вуҳани Чин.

Вабои коронавирус аз бозори шаҳри Вуҳан шуруъ шудааст. Ду гуруҳи олимон ба чунин хулоса расидаанд. Онҳо бо усулҳои нав ду пажуҳиш анҷом додаанд. Дар ин бора маҷаллаи Science хабар медиҳад.

Дар пажуҳиши аввал барои дарки паҳншавии вабо, олимон василаҳои картографӣ ва хабари шабакаҳои иҷтимоиро истифода кардаанд. Онҳо ба хулоса расидаанд, ки дар охири соли 2019 вирус дар бадани ҳайвонҳое мавҷуд буд, ки дар бозор фурӯхта мешуданд. Навъи он ҳайвонҳо хабар дода намешавад, аммо гуфта мешавад, ки онҳо ба ҳамдигар наздик қарор доштанд.

Санаи 20 декабри соли 2019 ҳашт ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд. Ҳамаи онҳо ё фурӯшанда ва ё харидори бозор буданд.

Гуруҳи дигари олимон барои фаҳмидани он ки вирус кай аз ҳайвон ба одам интиқол ёфт, усули молекуляриро истифода кардаанд. Олимон ба хулоса расидаанд, ки дар марҳилаи ибтидоӣ вирус ду навъ буд. Навъи аввал аз ҳайвон ба одам тақрибан 18 ноябри соли 2019 гузаштааст. Баъди чанд ҳафта навъи дувум ба одам сироят кардааст.

Навъи аввал дар ҷисми касоне будааст, ки бевосита дар бозор будаанд ва навъи дувум дар ҷисми касоне ташхис шудааст, ки дар ҳамсоягии бозорнишинон ва ё бозоррафтагон зиндагӣ мекардаанд.

Пештар фарзияҳои мухталифе дар мавриди пайдоиши коронавирус гуфта мешуд. Аз ҷумла, олимон дар ибтидо мегуфтанд, ки ин вирус аз хаффош (куршапарак) ба одам сироят кардааст, ки гӯшташ дар бозори Вуҳан фурӯхта мешуд. Ҳамчунин фарзияи аз озмоишгоҳ хориҷ шудани вирус садо медод.

Ахиран дар Вуҳан, ки 12 миллион аҳолӣ дорад, дубора чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҷорӣ шуд. Дар он шаҳр чаҳор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Бино ба оморҳои охир, аз ибтидои паҳншавии вабо аз коронавирус наздики 6,5 миллион кас фавтидааст.