Ҳукумати Филиппин шартномаи хариди чархболҳои низомиро аз Русия бекор кард.
Намояндаи вазорати мудофиаи Филиппин гуфт, баъди ҳамлаи Русия ба Украина идомаи ҳамкориҳои низомиву тиҷорӣ метавонист, барои Филиппин таҳримҳои ИМА-ро ба бор орад.
Бар асоси як шартнома аз моҳи ноябри соли 2021, ширкати "Совтехноэкспорт"-и Русия мебоист, ба артиши Филиппин 16 чархболи низомии Ми-17 фурӯшад. Делфин Лорентсан, вазири пешини мудофиаи Филиппин гуфт, ИМА хабар дорад, ки Филиппин шартномаи хариду фурӯши чархболҳоро бекор кардааст.
Ми-17 навъи чархболҳое ҳастанд, ки ҳам барои мусофиркашонӣ ва ҳам бо ҳадафҳои низомӣ истифода мешаванд. Ин навъи чархбол то 26 мусофир ва то 8 тонна бор мебардорад.
Пештар аз ин Ҳинд низ аз хариди 48 чархболи низомии Ми-15В5, истеҳсоли Русия даст кашид.