Дар як рӯз чор нафар дар Тоҷикистон ғарқ шудааст

Дар рӯди Сир дар Хуҷанд низ чанд нафар ғарқ шуда буд.

Дар як рӯз дар Тоҷикистон 4 нафар ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд.

Биноба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин 4 нафар, ки калонтаринаш 18 сол доштааст, рӯзи 26 уми июл дар ноҳияҳои Шаҳринав, Рашт, Данғара, Қубодиёну Панҷакент ғарқ шудаанд.

Ҳамчунин намояндагони ин ниҳод, дирӯз баъди ҷустуҷӯ ҷасади як навраси 16-соларо дар Данғара аз об берун овардаанд.

Дар ним сол 90 шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми шиноварӣ ҷон додаанд.