Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро, ки пас аз ихроҷ аз Русия боздошт шуда буд, бо иттиҳоми "даъват ба ифротгароӣ аз тариқи инетернет" ба шаш соли зиндон маҳкум кард.
Шодрӯз Аҳророви 35-сола, ки бо номи "Абдулло" дар Ютуб саҳифа дошт, моҳи марти имсол барои нақзи қоидаҳои будубош аз Русия ихроҷ шуд. Пас аз чор рӯз ӯро маъмурони милиса дар манзили зисташ дар Душанбе боздошт карданд. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушкили муҳоҷиронро баҳс мекард ва сиёсати ҳукумат дар ин самтро танқид менамуд.
Мақомоти додситонӣ ва додгоҳи ноҳияи Сино парвандаи Шодрӯз Аҳроровро шарҳ надоданд.
Ҷонона Табарова, ҳамсари ӯ, ки маъюби гурӯҳи сеюм аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи додгоҳии шавҳараш боз буд, вале адвокат надошт.
Ба гуфтаи ӯ, додситонӣ бо айби "даъват ба ифротгароӣ аз тариқи интернет" ба шавҳараш ҳафт соли зиндон хоста буд, вале додгоҳ ҳамсару кӯдаки маъюб доштани ӯро ба инобат гирифта, танҳо як сол аз дархости додситонро кам кард.
Шодрӯз дар номае пеш аз ихроҷаш аз Русия аз мақомоти ин кишвар хостааст, ки ӯро ба Тоҷикистон нафиристанд, чун ҳамчун фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ онҷо боздошт хоҳад шуд.
Ҷонона Табарова, ҳамсари Шодрӯз мегӯяд, ӯ ягона ноновари хона буд ва ҳоло бо се кӯдаки хурдсолаш дар хонаи волидон бо мушкил рӯз мегузаронад.
"Мехостам, аз ҳукми шавҳарам ба зинаи болоии додгоҳ шикоят кунам, вале фикр мекунам, ки ин бефоида аст.",--гуфт ӯ.
Дар чанд соли ахир даҳҳо фаъоли тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуданд ва аксари онҳо боздошту зиндонӣ шуданд.
Иззат Амон, раҳбари "Маркази тоҷикон" дар Русия соли 2021 ба Тоҷикистон ихроҷ шуд ва ӯро бо иттиҳоми қаллобӣ ба 15 соли зиндон маҳкум карданд.
Чоршанбӣ Чоршанбиев, варзишгари шинохта, ки амалҳои ҳукумат дар Бадахшонро танқид карда буд, аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ ва бо ҷурми "даъват ба сарнагунии ҳокимият" 8,5 сол зиндонӣ шуд.
Амириддин Аловатшоев, чеҳраи дигари шинохтаи зодаи Бадахшон низ пас аз ихроҷ аз Русия барои 18 сол ба зиндон маҳкум шуда буд.
Ба ин монанд, дар чанд соли ахир даҳҳо фаъоли тоҷик аз Русия ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шуданд. Коршинсон Русияро макони амн барои фаъолиятҳои сиёсӣ намедонанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Иззат Амонро дар зиндоне дар Душанбе ҷой кардаандҲамкори Иззат Амон аз боздоштгоҳи Курск “нопадид” шудаастАмриддин Аловатшоев аз шикоят ба додгоҳи болоӣ "даст кашидааст" ВИДЕОҚазияи Иззат Амон барои ҷомеаи Тоҷикистон чӣ паём дорад?