Соли таҳсили 2022-2023 волидони хонандагон дар Узбекистон дар ташвиши хариди ҳатмии либоси ягонаи мактабӣ нахоҳанд буд. Дар ин бора вазири маорифи халқии Узбекистон Бахтиёр Саидов хабар дод.
Аммо либоси ягонаи мактабӣ дар он кишвар марҳила ба марҳила то соли 2025 ҷорӣ карда мешавад.
Вазири маорифи халқии Узбекистон гуфт, духтароне, ки рӯймолҳои серранг мепӯшанд, иҷоза доранд, вориди мактаб шаванд.
Бо ин вуҷуд шуруъ аз моҳи август дар Узбекистон ярмаркаҳои фурӯши либоси ягонаи мактабӣ ба роҳ монда мешавад. Маъмурияти мактабҳо дар хариди либос ба хонаводаҳои камбизоат кӯмак мерасонанд.