Зеленский бо ҷоизаи ба номи Уинстон Черчилл қадрдонӣ шуд

Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон рӯзи 26 июл президенти Украина Владимир Зеленскийро бо ҷоизаи Пешво ба номи сэр Уинстон Черчилл қадрдонӣ кард. Тақдими ҷоизаи мӯътабари бритониёӣ тавассути як конфронси интернетӣ бо Зеленский ва бо ширкати авлодҳои нахуствазири даврони Ҷанги дуюми ҷаҳони Бритониё, сафири Украина Вадим Пристайко ва украиниҳои аз тамрини сарбозони бритониёӣ гузашта гузашт. Ҷонсон бо ишора ба оғози ҷанги 24-уми феврал хитоб ба Зеленский гуфт, “дар чунин марҳилаи фавқулодда бӯҳронӣ шумо дар баробари як имтиҳони раҳбарӣ қарор гирифтед, ки монанд ба чолишҳои сангини Черчилл дар соли 1940 будааст”.

Зеленский аз Ҷонсон ва Бритониё ташаккур кард ва гуфт, ки ин ҷоиза на танҳо талошҳои ӯ, балки корнамоиҳои даҳҳо ҳазор украиниҳоро муаррифӣ мекунад, ки дар майдони ҷанг қаҳрамонӣ нишон медиҳанд. Зеленский гуфт, “демократияҳои ҷаҳон метавонанд ба зулм хотима диҳанд. Мо қодир ба гирифтани пеши роҳи ҳама душмани роҳи озодиро дорем”. Зеленский гуфт, ки сабру таҳаммули ӯ ба хотири расидан ба сулҳ аст ва ҳарчанд касе намедонад, ки охири ҷанг кай фаро мерасад, “ғалаба арзиши ин ҳама талошҳоро доранд. Ин ҳам ба як таърихи муштараки ҳамаи мо табдил мешавад”.

Зеленский ва Ҷонсон аз замони шурӯи ҷанг ба дӯстони наздик табдил шуданд ва Зеленский гуфт, ки аз қарори Ҷонсон, ки раҳбарии ҳизби муҳофизакори Бритониёро тарк мекунад, таконзада шуд.