Думаи Русия тарҳи "давлати террористӣ" эълом кардани Украинаро баррасӣ мекунад

Тарҳи "давлати террористӣ" эътироф кардани Украина ба Думаи давлатии Русия ворид шудааст. Дар ин бора расонаҳои Русия рӯзи сешанбе хабар доданд. Ин тарҳро ҷиноҳи "Русияи боадолат - Барои ростӣ"-и Сергей Миронов таҳия кардааст.

Расонаҳои Русия менависанд, дар тарҳ тарбити давлати "террористӣ" ва ё давлати "сармоягузори терроризм" эълом кардани кишварҳои дигар шарҳ дода шудааст. Сармоягузори "терроризм" давлатҳое эътироф мешаванд, ки ба "давлатҳои террористӣ" аслиҳа медиҳанд. Рӯйхати чунин давлатҳоро ҳукумати Русия тартиб медиҳад.

Барои "террористӣ" эътироф кардани давлатҳо "собит шудани ин ки давлат таркиш, сӯхтор ва ё амали дигареро ташкил кардааст, ки боиси тарси аҳолӣ ва хатари фавти одамон шудааст"; "гуруҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ва ҷиноиро ташкил кардааст"; "ба ҷудосозии қисме аз ҳудуд ва ё вайронсозии тамомияти арзии Русия даъват кардааст" метавонад, далел шаванд.

Дар сурати "давлати террористӣ" эътироф шудани ин ва ё он давлат, бино ба тарҳи қонун, Русия робитаҳои дипломатиашро қатъ ва амволеро мусодира мекунад, ки ба шаҳрвандони он давлат рабт дорад.

Аз оғози ҷанги Русия зидди Украина, мақомоти Украина борҳо аз кишварҳои Ғарб, аз ҷумла аз ИМА даъват карданд, ки Русияро давлати террористӣ эътироф кунад. Дар Украина, бино ба қонунҳои нав, дороии шаҳрвандони Русияро аз ҳоло метавонанд, мусодира кунанд.