Мақомоти Вахш марги арӯсу домодро шарҳ доданд

Шарифбек Зиёев ва Гулҳавас Шоева дар рӯзи тӯй. Аксро наздиконашон ба Радиои Озодӣ доданд

Мақомоти ноҳияи Вахш эълон карданд, ки домоду арӯсе, ки охири моҳи март худкӯшӣ карда буданд, "бемории рӯҳӣ" доштаанд.

Рӯзи 27-уми март ҷасади Шарифбек Зиёеви 26-сола ва Гулҳавас Шоеваи 17-соларо, ки се рӯз пеш издивоҷ карда буданд, овехта пайдо карданд. Ҳодиса дар маҳаллаи Якатути ноҳияи Вахш рӯй дода буд.

Қурбон Юсупов, раиси ноҳияи Вахш, рӯзи 25-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, тафтиши нишон додааст, ки домоду арӯс бемории руҳӣ доштаанд ва "ягон ҷангу ҷалҷол" дар ин хонавода набудааст.

Салоҳиддин Исмоилзода, додситони ноҳияи Вахш низ гуфтаи раиси ноҳияро тасдиқ кард ва гуфт, "яке аз далелҳое, ки онҳо бемории руҳӣ доштаанд, ин буд, ки онҳо чанд маротиба аз ҷониби мулло хонда шудаанд."

Ба гуфтаи додситон, волидайни домод гуфтаанд, ки "онҳо шабона баромада сари замин мерафтаанд, мегаштаанд."

Додситони Вахш ин гуфтаҳоро далеле барои бемори рӯҳи эълон кардани арӯсу домод донистааст.

Хонаводаи домод мавзуро шарҳ надоданд, вале Маҳмадзоир Шоев, падари марҳум Гулҳавас, борҳо гуфт, ки духтараш бемор набуд ва ба худкушии ӯ бовар надорад. Дар додситонӣ ба ӯ гуфтаанд, ки домод бемории рӯҳӣ доштааст ва ин ҳарф шубҳаи падарро ба худкушии духтараш бештар кардааст.

Додситонӣ эълон кард, ки дар ин ҳодиса "таркиби ҷиноят дида намешавад", аз ин рӯ, парвандаро қатъ кардаанд.

Шарифбек ва Гулҳавас рӯзи 24-уми марти имсол издивоҷ карда буданд. Бино ба аксу навори арӯсии онҳо, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, тарафҳо шод ба назар мерасанд, вале чунин ранг гирифтани кор пайвандонашонро мотамзада кард.

Пас аз марги домоду арус аз хонаи хоби онҳо номае ёфтаанд, ки ба иттилои мақомот ташхиси хатнишиносӣ нишон додааст, он аз сӯи домод навишта шудааст. Ба гуфтаи пайвандон, дар нома навишта шудааст, ки “дигар зиндагӣ кардан намехоҳем”.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон 518 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан ва сӯиқасд ба он сабт шудааст. Баъзе аз ин мавридҳоро ба бемории равонӣ ва баъзеи дигарро ба ҷанҷоли оилавӣ рабт медиҳанд. Солҳои охир шикоятҳо аз хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла дар миёни оилаҳои ҷавон, бештар садо медиҳад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Номаи домоду арӯсе, ки ҷасади овехтаашонро ёфтанд. ВИДЕОСабаби худкушии арӯсу домод дар Вахш эълон шуд. Падари Гулҳавас шубҳа дорад?