Вазорати молия бо "Талко менеҷмент" барои пардохти 914 ҳазор доллари қарзаш созиш кардааст

Корхонаи ТАЛКО дар шаҳри Турсунзода ҷойгир аст.

Вазорати молияи Тоҷикистон розӣ шудааст, ки корхонаи азими алюминий ва "Талко менеҷмент" пули қарзашро давра ба давра пардохт кунанд.

Қаблан Вазорати молия гуфта буд, ширкати "Талко менеҷмент" фоиз ё баҳраҳои қарзи вазоратро саривақт напардохтааст ва акнун бояд бо ҷарима баргардонад.

Дар ин бора Зокирҷон Амирзода, муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ хабар дод. Вай гуфт, ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд ва "пул давра ба давра пардохт мешавад."

Бар асоси иттилое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, "Талко менеҷмент" ба Вазорати молия беш аз 914 ҳазор доллар (11 миллиону 885 ҳазор сомонӣ) ва 1 миллиону 842 ҳазор юани чинӣ (37 миллиону 605 ҳазор сомонӣ) фоизи қарзҳоро саривақт насупорида, муқаррароти созишномаи байни ду тарафро иҷро накардааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон дар як номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ, байни ду тараф “баҳс дар бораи хидматрасонии қарз вуҷуд дорад ва дар додгоҳ баррасӣ мешавад."

Ширкати “Талко” қазияро шарҳ надодааст ва ҷузъиёт ҳам маълум нест. Корхонаи алюминийи Тоҷикистон бузургтарин корхонаи давлатӣ ва саноатии кишвар аст, ки солона садҳо ҳазор тонна алюминий истеҳсол ва содирот мекунад ва дар гузашта ҳам дар додгоҳҳо баҳсҳои молӣ доштааст.