Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, шояд интиқоли газ ба Аврупо аз тариқи лӯлаи "Маҷрои Шимолӣ-1" аз моҳи июл коҳиш ёбад.
Вай пешниҳод кардааст, ки барои ҷуброни он лӯлаи гази "Маҷрои Шимолӣ- 2" боз карда шавад. Тарҳи "Маҷрои Шимолӣ-2" ба далели таҷовузи Русия ба Украина боз дошта шудааст.
Ба гуфтаи Путин, ширкати русии "Газпром" ҳафтаи оянда як агрегати интиқолдиҳандаи газро барои таъмир мефиристад, ки дар натиҷа иқтидори "Маҷрои шимолӣ-1" то 30 миллион метри мукааб дар рӯз коҳиш хоҳад ёфт.
Ӯ гуфтааст, агар Олмон турбинаеро, ки Канада бар асари таҳримҳо боздоштааст, ба Русия диҳад, интиқоли газ "дар сатҳи баландтар" нигоҳ дошта хоҳад шуд.