Эълони иттиҳоми нав ба зидди Абдуллоҳ Ғурбатӣ. ҲНИТ рад кард

Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро ба узвият дар Ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ гумонбар донистааст. Пайвандонаш ва вакили мудофеъ дар ин бора чизе нагуфтанд. Масъулони ҲНИТ дар хориҷа мегӯянд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳеч гоҳ узв ё ҳамкори онҳо набуд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июни имсол аз тарафи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ва ба иттиҳоми ҳамла ба корманди пулис боздошт шуд. Додгоҳ ӯро ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Шодӣ Ҳафиззода

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, "Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба узвият дар Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста мешавад."

Ҳафиззода пас аз анҷоми нишаст гуфт, ҷузъиёти бештарро аз Додситонии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бипурсем, "чун парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ онҷо таҳқиқ мешавад". Бо гузашти як моҳ аз боздошти Абдуллоҳ Ғурбатӣ, масъулони Додситонии ноҳияи Шоҳмансур дар ин бора шарҳе намедиҳанд. Вакили мудофеи Ғурбатӣ айни замон дастрас нест.

Масъулони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ хабари мақомотро рад карданд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, як намояндаи ҲНИТ дар хориҷа, рӯзи 19-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "Абдуллоҳ Ғурбатӣ узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нест ва ҳеч гоҳ узви ин ҳизб набуд. Инҳо ҳама туҳматҳои беасос ва сохта ҳастанд."

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки пештар дар хабаргузории "Азия-Плюс" кор мекард, қабл аз боздошт ҳамроҳ бо рӯзноманигору блогери шинохта Далери Имомалӣ барои Ютуб гузориш таҳия мекард. Ҳардуи онҳо дар як рӯз дастгир шуданд. Далери Имомалӣ ҳам ба узвият дар гуруҳҳои мамнуъ гумонбар аст.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Далери Имомалиро ба ҳамкорӣ ба созмони дар Тоҷикистон "Гуруҳи 24" гумонбар медонанд. Намояндагони созмон тахмини мақомотро бепоя дониста буданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Далеру Абдуллоҳ чӣ кор карданд, ки ҳоло паси панҷара ҳастанд? ВИДЕО

Мақомот дар Тоҷикистон дар се моҳи охир 7 рӯзноманигор ва блогерро дастгир карданд.

Боздошти Улфатхонум Мамадшоева, Хушом Гулом, Муҳаммад Султон, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башарро ба миён овардааст. Мақомот то кунун даъватҳоро барои озодии рӯзноманигорон нодида гирифтаанд.