Падару писарро дар Балҷувон афв кардаанд. Баҳс бо бародари вазир поён ёфт? ВИДЕО

Сайфиддин ва Саидмуъмин Давроновҳо

Як падару писарро дар ноҳияи Балҷувон, ки баъди баҳс бо бародари вазири нақлиёт дастгир шуданд, раҳо кардаанд. Парвандаи Сайидмуъмин ва Сайфиддин Давроновҳо бар асоси қаллобӣ тафтиш мешуд. Додситонӣ гуфт, онҳо афв шуданд. Хонаводаи Давроноҳо аз оғоз парвандаашонро фармоишӣ медонистанд, аммо баъди раҳоӣ нахостанд, суҳбат кунанд.

Меҳроб Давлатзода, намояндаи Додситонии минтақаи Кӯлоб, рӯзи 15-уми июл хабар дод, ки "падару писар аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуданд". Вай афзуд, "бар асоси моддаи 247, қисми 4 (қаллобӣ) парванда оғоз шуда буд. Дар ҳабси пешакӣ қарор дошт. Пас аз анҷоми тафтишот ва татбиқи қонун дар бораи афв, парванда баста шуд."

Нисбати Давроновҳо замоне парванда кушоданд, ки онҳо бо муовини пешини раиси ноҳияи Балҷувон ва бародари вазири нақлиёти Тоҷикистон даъвои додгоҳӣ доштанд.

Сайидмъмин Давронов гуфта буд, пас аз даъвои зиёд ва расонаӣ кардани он нисбаташон парванда боз шуд. Хонаводаи Давроновҳо ин ҳамаро беасос хонда, гуфта буданд, онҳо, баръакс, ҷабрдида ҳастанд.

"Ба зидди писарам парванда дуруст карданд. Таҳдид доранд, ки қазия ҳал нашудааст. Мегӯянд, ҳоло туро оварда маҳкам мекунем. Ин фармоишӣ аст," - гуфта буд Давронов дар як суҳбаташ ба Радиои Озодӣ.

Акнун Сайфиддин аз боздошт озод ва парвандаи Сайидмуъмин Давронов қатъ шудааст. Онҳо баъди бастани парвандаҳояшон хомӯширо ихтиёр карда, ба гуфтаашон, дигар намехоҳанд, дар мавриди гузашта гап зананд. Яке аз пайвандони Давроновҳо танҳо гуфт, ки "адолат барқарор шуд", вале нагуфт, ки баҳс бо бародари вазири нақлиёт поён ёфт ё не.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси падару писар бо бародари вазир хотима ёфт?

Баҳси Давроновҳо бар сари ду гектар замин бо Ҳасан Иброҳимзода, муовини собиқи раиси ноҳияи Балҷувон ва бародари вазири нақлиёт буд, ки додгоҳ тарафи ин хонаводаро гирифт.

Баҳс бар сари замин солҳо боз ба як масъалаи доғ дар Тоҷикистон табдил шудааст. Бино ба омори додситонӣ, соли 2020 дар Тоҷикистон нисбат ба 296 корманди идораҳои гуногун барои ғайриқонунӣ додан, харидуфурӯши замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Аксари инҳо муҳандис – заминсозони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзию парандапарварӣ, раисони ҷамоатҳо ва сохторҳои Кумитаи замин – будаанд. Намояндагони Кумитаи замин ва ниҳодҳои дигари марбута пайваста таъкид мекунанд, ки мубориза бо хариду фурӯши заминро пурзӯр намудаанд.