Дар Маскав як тоҷик ва як чеченро ҷазо додаанд

Додгоҳи шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав як тоҷик ва як чеченро барои ташкили занозании гурӯҳӣ зиндонӣ кард.

Аюб Аҳадови чечен ва Бахтиёр Абдуллоеви тоҷик ба он гунаҳкор шудаанд, ки рӯзи 6-уми августи соли гузашта яке чеченҳо ва дигаре гурӯҳе аз тоҷиконро гирд оварда, занозанӣ ташкил кардаанд.

Додгоҳ ҳардуро ба иттиҳоми авбошӣ ва ба истифода аз силоҳ гунҳакор донист.

Бахтиёр Абдуллоев, шаҳрванди Тоҷикистонро ба ду соли зиндон ва Аюб Аҳадов, зодаи Чеченистонро ба якуним соли зиндон маҳкум кардаанд.