Вазорати дифои Узбекистон хабари ҳамлаи севуми мушакӣ аз хоки Афғонистон ба он кишварро, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, рад кард.
"Ин маълумот комилан дурӯғ аст. Марзи давлатии Узбекистон ва Афғонистон пурра таҳти назорати низомиёни кишвар қарор дорад ва вазъ муътадил мебошад”, - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Рӯзи 5-уми июл корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки панҷ мушак, эҳтимолан аз хоки Афғонистон ба Тирмизи Узбекистон партоб шуда, дар натиҷа 4 хона осеб дидааст ва талафоти ҷоние ба қайд гирифта нашудааст. Он вақт Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ҳодисаро тасдиқ карда буд.
Дар моҳи апрели имсол дар баъзе аз сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки шохаи "Хуросон"-и ДОИШ аз Афғонистон ба иншооти низомӣ дар вилояти Сурхондарёи Узбекистон даҳ мушак сар додааст. Сухангӯйи президенти Узбекистон хабарҳоро рад кард.