Додситон гуфт, "Далери Имомалӣ 96 ҳазор сомонӣ қарздор аст"

Далери Имомалиро рӯзи 15-уми июн дастгир карданд

Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон баъзе ҷузъиёти парвандаи Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери боздоштшударо шарҳ доданд.

Рӯзи 15-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе, хабарнигори Радиои Озодӣ аз додситонии кул Юсуф Раҳмон пурсид, ки бар асоси кадом далелҳо Далери Имомалӣ ба узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар мешавад.

Як масъули Додситонии кул ба ин суол мушаххасан посух надод, аммо дигар ҷузъиёти парвандаи блогери боздоштшутаро шарҳ дод.

Корманди додситонии кул гуфт, Далери Имомалӣ аз андоз ё молиёт беш аз 96 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Масъули додситонӣ гуфт, маҳз бар асоси ҳамин далел алайҳи Далери Имомалӣ ба иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ парванда боз шудааст.

Баъзе аз манбаъҳо дар мақомот мегӯянд, Далери Имомалӣ аз шабакаи Ютуб ва ҳам аз реклама маблағ ба даст оварда, аммо андозро насупоридааст. Тасдиқи дурустии ин иттилоъ аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст ва вакили дифои Далери Имомалӣ ҳам ба хотири махфӣ будани парванда суҳбат намекунад.

Дар умум, Далери Имомалӣ ба се иттиҳом, соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар аст.

Ду иттиҳоми аввал сабук буда, мумкин аст, бо ҷарима озод шавад. Иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ чанд сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Далери Имомалӣ ҳамроҳ бо коршарикаш рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июни имсол боздошт шуданд. Дастгир шудани ин ду рӯзноманигори шинохта, ки бештар дар бораи мушкилоти мардум барнома таҳия мекарданд, вокунишҳои зиёдро ба миён овард.

Даъватҳои зиёди созмонҳои ҳуқуқи башар барои озодии ин ду блогер то ҳол аз сӯи мақомот бепосух мондааст.