Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон тафтиши "таъхири зиёди парвозҳои ширкати миллии ҳавопаймоии "Эйр Остона" ва бахши он "FlyArystan"-ро оғоз кардааст.
"Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон роҷеъ ба муроҷиатҳои сершумори мусофирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба таъхир дар парвозҳои ҳавопаймоҳои "Air Astana" ва "FlyArystan" дар масирҳои "Алмато-Мале", "Нурсултон-Тошканд" ва "Алмато-Қустанай" тафтиши дахлдор мегузаронад. Дар сурати ошкор шудани далелҳои нақзи ҳуқуқи мусофирон ҳангоми таъхир ва бекор шудани парвозҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд”, - гуфта шудааст дар иттилоияи расмии ширкат.
Ширкати "Air Astana" таъхир дар парвози рӯзи шанбе ба Молдивро ба нуқси техникӣ рабт додааст.
“Як ҳавопаймои "Air Astana" 16 июл дар вақти муқарраршуда дар масири Алмато-Мале парвоз кард. Аммо дар ҳамин лаҳза як қисми эҳтиётии муҳаррик аз кор баромад. Тибқи тартиботи амниятӣ, тасмим гирифта шуд, ки ҳавопаймо ба фурудгоҳ баргардад ва мушкил бартараф карда шавад", - гуфтааст ширкат.