Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар давраи ҳокимияти Толибон аз гузашта дида бештар шудааст. Ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, он асосан аз содироти моли Тоҷикистон ба Афғонистон иборат буда, дар ним соли гузашта ба 40 миллион доллар расид. Ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта, яъне замоне ки ҳанӯз "Толибон" ба қудрат нарасида буд, бештар аз 6 миллион доллар афзудааст.
Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 13-уми июл гуфт, "асосан аз ҷумҳурии мо ба Афғонистон семент, ангишт ва баъзе маҳсулоти кишоварзӣ содирот мешавад. Як давра дар ҷумҳурии мо истеҳсоли тухм зиёд шуд. Ба онҷо тухм содирот мекарданд. Ҳамин хел молҳои гуногун ҳастанд."
Ҳамзамон бо ин, Тоҷикистон содироти барқро низ пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон бас накардааст. Ширкати "Брешно"-и Афғонистон барои барқи гирифтааш аз Тоҷикистон қарздор аст. Масъулони "Барқи тоҷик" мегӯянд, пардохтани қарзҳо аз ҷониби Афғонистон беҳтар шудааст.
Ба қавли раиси ширкати "Барқи тоҷик", Муҳаммадумар Асозода, "айни замон содироти барқ ба Афғонистон дар як шабонарӯз тақрибан 9 миллион киловатт соатро ташкил медиҳад. Ягон мушкил нест, хати интиқоли барқ дар ҳолати хуби корӣ аст. Барои қарордоди соли 2023, дар назар аст, моҳи декабр байни ширкати “Барқи тоҷик” ва ширкати “Брешно”-и Афғонистон гуфтушунид гузаронида шавад."
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таҳлилгарон бар инанд, ки афзоиши додугирифт миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дастоварди ҳукумати Толибон нест. Ин бар он маъно аст, ки ниёзмандиҳои мардуми Афғонистон афзудааст ва тоҷирони афғон ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худро тақвият додаанд.
Илҳом Назриев, таҳлилгари масоили Афғонистон, гуфт, "вақте мо савдо мегӯем, ин маънои онро надорад, ки ҳукумати Тоҷикистон ё Толибон савдо карда истодаанд. Инҷо ширкатҳо савдо доранд. Новобаста аз он ки дар Афғонистон кадом ҳукумат аст, яъне ширкатҳо фаъолият доранд. Онро мардуми Афғонистон истифода мебаранд. Барои ҳамин, ин маънои онро надорад, ки Тоҷикистон бо Толибон ҳамкорӣ карда истодааст."
Толибон тақрибан як сол мешавад, ки ҳокими Афғонистонанд, аммо то кунун ягон кишвари ҷаҳон ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Тоҷикистон тарафдори ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон дар он кишвар аст.
Тақрибан ҳама кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ, низ ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқи одамонро дар Афғонистон аз шартҳои эътирофи Толибон медонана, вале ҳамзамон равобити тиҷоратиро бо Кобул идома медиҳанд.