Хуршед Ҳамроев, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, баъди ду ҳафтаи ҷустуҷӯ ва саргардонӣ, рӯзи 13-уми июл ҷасади духтари дувоздаҳсолаашро ёфтаанд. Ӯ пештар аз ҳукумат хоста буд, чанд соат оби обанбори канори Боғи Айниро хушк кунанд.
Ду духтари хурдсоли ӯ -- Мунаввараи 12-сола ва Марями 10-сола -- рӯзи якуми июл дар обанбори канори Боғи Айнии пойтахт ғарқ шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, "онҳо ба сабаби набудани панҷара ба канали обрез даромадаанд." Дар гузашта атрофи онро бо панҷара печонида буданд.
"Бо мадади маъмурони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади якеашро ёфтем. Мавҷи об тез аст, сард аст, ёфта наметавонанд. Ҳукумат обро хушк кунад, даромада кӯдакро гиранд," – гуфта буд Хуршед Ҳамроев рӯзи 12-уми июл ба Радиои Озодӣ.
Ӯ дертар хабар дод, ки ҷасади духтари дувумашро ҳам ёфтаанд.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳар сол дар кӯлу дарё ва обанборҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ шуда, ҷон медиҳанд.
Мақомот волидонро ба бепарвоӣ нисбати фарзандон ва сокинонро ба надонистани қоидаҳои шиноварӣ гунаҳкор мекунанд. Мардум мегӯянд, маҳалҳои хатарнок дар назди кӯлу дарёву обанборҳо нишонагузорӣ нашудааст.