Даъвати Шабнам Худойдодова аз созмонҳои байнулмилалӣ дар мавриди Тоҷикистон

Шабнам Худойдодова

Як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар хостааст, ки ба боздошти пайиҳами хабарнигорону блогерон дар Тоҷикистон бетараф набошанд ва барои озодии онҳо саъй кунанд.

Шабнам Худойдодова рӯзи 12-уми июл дар саҳифааш дар Фейсбук гуфт, "аз оғози соли 2022 ҳамла ба озодии баён дар Тоҷикистон ба таври густурда афзоиш ёфт. Таъқибу боздошт ва ҳамлаву латукӯби хабарнигорон ба кори рӯзмарра табдил шудааст."

Хонум Худойдодова дар гузашта узви созмони мухолифи "Гуруҳи 24" буд ва ҳоло як фаъоли мустақил аст ва дар Аврупо кору зиндагӣ мекунад.

Ӯ гуфтааст, "аз тамоми созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар даъват мекунам, ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои журналистони тоҷик таваҷҷуҳи махсус зоҳир кунанд. Хоҳиш мекунам, ба поймол шудани ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон чашм напӯшед."

Ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтааст, худаш як муддат дар боздошт буд ва хуб медонад, ки хабарнигорону блогерони дастгиршуда дар Тоҷикистон чӣ рӯзеро аз сар мегузаронанд.

Шабнам Худойдодова ҳашт моҳ, аз июни 2015 то феврали 2016, дар боздоштгоҳе дар Беларус буд. Ӯро бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар сарҳади Беларусу Лаҳистон (Полша) ва дар қатори роҳи оҳан дастгир карда буданд.

Дар ду моҳи охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигорро дастгир кардаанд. Дар мавриди ҳеч яке аз онҳо мақомот изҳороти расмӣ нашр накарданд.

Чандин хабарнигори дигар мегӯянд, зери фишор ҳастанд, аз ҷумла телефону компютери онҳо мусодира гаштааст ва худашон ҳушдор гирифтаанд. Созмонҳои дохилии ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон то ҳанӯз вокунише накардаанд.