Ҳукумати Русия аз оғози ҳамла ба Украина барои ҷуброн ба хонаводаҳои низомиёни фавтида ва захмишуда 113 миллиард рубл (муодили 1,9 млрд доллар) ҷудо кардааст. Расонаҳои русӣ мегӯянд, аз ин миқдор 89 млрд рубл (муодили 1,5 млрд доллар) ба наздикони сарбозону афсарони кушташуда пардохт шудааст.
Дар таҳқиқоти рӯзноманигорие, ки дар сомонаи "Новая газета. Европа" нашр шуд, омадааст, ин миқдор маблағро эҳтимол 15-17 ҳазор сарбози рус ё хонаводаи онҳо дарёфт кардаанд.
Муаллифон мегӯянд, ҷуброн барои фавти ҳар кадом сарбоз 9,5 миллион рубл (160 ҳазор доллар) ва барои захмиҳо 4,5 миллион рубл (76 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад.
"Ба ин тартиб, аз оғози ҷанг дар Украина ҳудуди 10-11 дарсад аз артиши 150-ҳазорае фавтида ё захмӣ шудааст, ки Русия дар ҷанги зидди Украина истифода мекунад," -- ҳисоб кардаанд рӯзноманигорон.
Вазорати молияи Русия барои "Росгвардия" 1,5 млрд рубл ва барои Вазорати мудофиаи он кишвар 15 млрд рубл ҷудо кардааст.
Дар ибтидои моҳи март Русия аз фавти 498 ва захмӣ шудани 1597 сарбоз хабар дода буд.