Вокуниш ба боздошту бозпурсии пайиҳами журналистон ва блогерҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ асосан манфӣ буда, коршиносон бовар доранд, “ин воқеаҳо боиси паст шудани обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ мегардад”. Инчунин, онҳо таъкид мекунанд, ки бояд ҳамагуна боздошт дар доираи қонун сурат гирифта, сабабҳои он ба ҷомеа шарҳ дода шавад.
Мақомоти интизомӣ дар се рӯзи охир ду журналисти тоҷикро ба бозпурсӣ даъват карда, раҳо накарданд. Маъмурони интизомӣ дар шаҳри Ваҳдат рӯзи 9-уми июл рӯзноманигори шинохта Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бори дуюм ба бозпурсӣ хонда, ба қавли яке аз шахсони наздикаш, "то ҳанӯз ҷавоб надодаанд".
Ин иттифоқ дар ҳоле уфтодааст, ки шоми 8-уми июл рӯзноманигор ва фаъоли дигари шабакаҳои иҷтимоӣ, Завқибек Саидаминӣ, дастгир шуд. Мақомот то ҳол сабаби ин тасмимро нагуфтаанд.
Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари мақомот бенатиҷа анҷом ёфтанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Намедонем, ки дар куҷоянд”
Рӯзи 11-уми июл яке аз наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба шарти фош нашудани номаш гуфт, бо гузашти ду рӯз аз ӯ хабар надоранд ва мақомот ҳам чизе намегӯянд. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, Пирмуҳаммадзода соати 9-и рӯзи 9-уми июл, дар ҳоле ки мебоист Иди Қурбонро дар ҳалқаи хонавода таҷлил кунад, ба бозпурсӣ даъват шуд ва дигар ба хона барнагашт.
“Як рӯз пеш аз он, ӯро ба бозпурсӣ даъват карда буданд. Баъди чанд соат худашро ҷавоб дода, телефонашро надоданд. Рӯзи 9-уми июл дубора даъват карданд, то телефонашро бигирад. Ҳамзамон гуфтанд, чаро хабари бозпурсиро ба Радиои Озодӣ расондааст. То ҳол намедонем, дар куҷо ва чӣ ҳол дорад,” -- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Наздикони Завқибек Саидаминӣ ҳам гуфтанд, дар бораи ӯ чизе намедонанд.
Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, кормандони пешини радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон, солҳои охир асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ назару андешаҳои худро баён медоштанд. Ҳоло ҳарду дар боздоштоҳ ҳастанд ва маълум нест, ба чӣ гумонбаранд.
Боздошти онҳо дар пасманзари қазияи
- Далери Имомалӣ
- Абдуллоҳ Ғурбатӣ
- Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом)
- Улфатхоним Мамадшоева
- Муҳаммадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон)
сабаби нигарониҳо аз як маъракаи зидди журналистон дар Тоҷикистон гаштааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ хоҳад гуфт?
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, рӯзи 11-уми июл боздошти хабарнигоронро “кӯшиши мақомот барои зери назорат даровандани афкори ҷомеа” номид.
"Ин кӯшишҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ вокуниши баръакс медиҳанд. Мақомот кори худро мекунанд, вале ин чиз бояд дар доираи қонун амалӣ шавад. Вақте касеро боздошт мекунанд, бояд сабабҳои он ба ҷомеа пешниҳод шавад. Мутаассифона, дар амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ин чиз ба назар намерасад ва кӯшишҳои дастрасӣ пайдо кардан ба иттилоъ дар бораи ин боздоштҳо натиҷа намедиҳад," – афзуд ӯ.
Ба бовари Нуриддин Қаршибоев, онҳое, ки ба чунин кор даст задаанд, аз оқибати амалашон огоҳ нестанд, чун метавонад, ба зарари давлат бошад. “Аз ҷумла, вақте созмонҳои байнулмилалии молӣ чунин беэҳтиромӣ нисбат ба ҳуқуқи инсонро мебинанд, метавонанд, аз сармоягузорӣ худдорӣ кунанд,” – илова кард Қаршибоев.
Дар як назарсанҷии ғайрирасмии Радиои Озодӣ дар шабакаи Ютюб дар 8 соат 2,5 ҳазор нафар раъй дода, наздик ба 80 дарсади онҳо гуфтанд, хабарнигорон ва блогерҳо барои он боздошт мешаванд, ки мақомот аз сухани онҳо метарсанд. Панҷ дарсади раъйдиҳандагон гуфтаанд, “журналистон худ гунаҳкоранд” ва 16 дарсад натавонистаанд, посух диҳанд. Вале дар шарҳҳо аксарият боздошти блогер ва хабарнигоронро маҳкум кардаанд.
"Вақте иллатҳои миллатро мегӯянд..."
Коршиносон мегӯянд, рӯшан нест, чунин тасмимҳо дар кадом сатҳи давлатӣ гирифта мешаванд, аммо ҳамчун тамоюл он барои ҷомеаи тоҷик бисёр нигаронкунанда аст.
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, мегӯяд, дар гузашта чунин боздоштҳо дар арафаи маъракаҳои муҳиме чун интихоботи президентӣ рух медод, аммо чанд соли охир бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ анҷом мешавад.
“Вақте кадом як афсари мақомоти қудратӣ ё ҳифзи ҳуқуқ ба як блогер ё намояндаи матбуоти даврӣ шарт мегузорад, ки дар кадом хусус суҳбат кунад ва кадом мавзуъҳоро баррасӣ накунад, ин ба манфиати кор нест. Агар дар барномаи журналист амали ҷиноӣ ҷой дошта бошад, қонунгузор инро танзим кардааст ва баҳои ҳуқуқӣ медиҳад. Вақте танқиди корманди ҳукумат ё мутаваҷҷеҳ шудан ба иллатҳои миллат ва ё ислоҳи камбудӣ барои зиндагии беҳтари мардум боиси нороҳатии кадом хидматчии давлатӣ мешавад, ин боиси нигаронӣ аст,” – шарҳ дод ӯ.
Дар Тоҷикистон дар ду моҳи охир ҳафт блоггеру рӯзноманигор дастгир шудаанд. Дар мавриди ҳеч яке аз онҳо мақомот изҳороти расмӣ нашр накарданд. Чандин хабарнигори дигар мегӯянд, зери фишор ҳастанд, аз ҷумла телефону компютери онҳо мусодира гаштааст ва худашон ҳушдор гирифтаанд.
Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, таъқиб ва таҳдиду фишор ба хабарнигоронро бас кунад. Муроҷиатҳое, ки зоҳиран ба гӯши мақомот намерасанд ва ё расанд ҳам, нодида гирифта мешаванд.