Сарнавишти талхи занони дувум. "Қонун ҳаст, вале монеъ намешавад"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёрзанӣ ё полигамияро қонун манъ мекунад ва расман ибораи зани дувум вуҷуд надорад. Бо вуҷуди пешбинӣ шудани ҷазо барои чандҳамсарӣ дар ин кишварҳо, сафи занҳои ба истилоҳ дувуму севум кам намешавад ва мушкили онҳову фарзандонашон низ сол то сол меафзояд.