Хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯянд, ба мардоне, ки мехоҳанд ду зан дошта бошанд, оҷонсиҳои махсус ёрӣ мекунанд. Ин марказҳо бо ваъдаи кумак ба “ташкили оилаи мутобиқ ба меъёрҳои исломӣ” барои мардон зани дуюм меҷӯянд ва ба занони танҳо шавҳар меёбанд.
“Омодаам, зани дувум бошам.” "Барои издивоҷи пинҳонӣ шавҳар ҷустуҷӯ дорам." “Зан дорам, аммо омодаам боз оиладор шавам." Чунин эълонҳо дар бахши қирғизии шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд ба назар мерасанд.
Оҷонсиҳое ҳам зиёданд, ки хидматрасонии худро барои кумак дар пайдо кардани шавҳар ё ҳамсари дуюм пешниҳод мекунанд. "Ал-Ҳаят", яке аз чунин марказҳост. Дар саҳифааш дар Инстаграм аксҳо аз лаҳзаи мулоқоти ҳамсарони оянда ва навори муштариён нашр шудааст. Яке аз суолҳои асосие, ки ҳангоми муроҷиати мизоҷон дар ин марказ аз онҳо мепурсанд, ин аст, ки “Шумо дар бораи бисёрзанӣ чӣ назар доред?”
Баъзе аз чеҳраҳои маъруф ҳам дар тарғиби кори ин марказ кумак мерасонанд. Ба мисли овозхони қирғиз, Анжелика. Ӯ навиштааст, “мулоқоти нахустин ташкил мешавад, вале вохӯрии дувум мешавад ё не, ба худи Шумо вобастааст.”
Аз кори чунин оҷонсиҳо шахсони зиёд истифода мебурдаанд. Майрам ҳам яке аз онҳост. Вай чанд сол пеш бо миёнравии як оҷонсӣ зани дувуми марде шуд.
Худаш мегӯяд, "ним сол шавҳар кофтам. Баъд аз кӯшишҳои беҳуда хостам, ки он сомонаро тарк кунам, аммо маро бо марде шинос карданд, ки баъдан оиладор шудем. Мо ҳамагӣ се бор вохӯрдем. Вай мегуфт, зани аввалаш бемор аст ва бо ӯ наздик шуда наметавонад. Барои ҳамин, ман розӣ шудам.".
Шавҳари Майрам ин робитаашро бо ӯ на фақат аз ҳамсари аввалааш, балки аз тамоми хешу наздикон пинҳон медошт. Баъд аз таваллуди тифле, ки бемории Даун дошт, зиндагии онҳо тағйир ёфт.
"Вақте фаҳмид, ки кӯдак дорои имкониятҳои маҳдуд аст, муносибаташ дигар шуд. Мо дар беморхона будем. Ягон бор наомад, ҳатто занг назад. Ман кӯшиш кардам, ки тамос гирам, аммо вай нопадид шуд. Баъд мо ҷудо шудем," – қисса кард ӯ.
Зан ва кӯдакаш ҳоло ба моликият ва талаби алимент аз шавҳари собиқ ҳаққе надоранд. Издивоҷи онҳо ғайрирасмӣ буд. Танҳо никоҳи исломӣ доштанд. Ин дар ҳолест, ки 8 сол пеш Қирғизистон бо қабули қонун никоҳи диниро бе сабти расмӣ дар Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС манъ карда буд. Ин қонун дар масҷидҳо кам риоя мешавад.
Тоштемур Эшматов, муовини имомхатиби масҷиди Бишкек, гуфт: "Агар мард аз ҳамсараш ҷудо шуда бошаду зан ҳам бешавҳар бошад, мо онҳоро никоҳ мекунем. Агар, масалан, мард зан дошта бошаду хоҳад бе иҷозаи ӯ зани дуюм гирад, мо албатта, никоҳ мекунем, аммо беҳтар аст, иҷозаи ӯро дошта бошад.”
Ҳомиёни ҳуқуқ аз афзоиши муроҷиати занони якум ё дуюм хабар медиҳанд. Ба қавли Бибисоро Рисқулова, мудири Маркази бӯҳронии “Сезим”: "Асосан ба мо занони якум муроҷиат мекунанд. Занони дуюм ҳам ҳастанд, аммо якум бештар аст. Ҳар яке аз онҳо қиссаи худро дорад. Масалан, зане ҳаст, ки бо шавҳараш тиҷорати муштарак дорад, вале фарзанд надоранд. Мард хост, аз ӯ ҷудо шавад, вале тарсид, ки қисме аз моликиятро ба занаш медиҳад. Бино бар ин, бо иҷозаи зан дубора издивоҷ кард. Зани дуюм се фарзанд таваллуд кард ва ӯро ронданд, ҳоло кӯдаконро ба вай додан намехоҳанд.”
Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, бисёрзаниро дар Қирғизистон номушаххасии қонунҳо мушкилтар кардааст. Бино ба қонуни ҷиноӣ, дузанагӣ ё бисёрзанӣ ин ҳамзистии мард бо ду ё се зан дар як хона аст. Дар аксар ҳолат мардони дузана бо ҳамсарони худ дар хонаҳои алоҳида зиндагӣ мекунанд, ки ин исботи дузанагии мардро мушкил мекардааст.