Таҷлил аз 65 соли имоматии Оқохон дар Тоҷикистону ҷаҳон

Оқохони чаҳор дар канори пайравонаш дар Тоҷикистон

Пайравони исмоилия дар Тоҷикистон ва ҷаҳон рӯзи 11-уми июл солгарди ба тахт нишастани Шоҳзода Карим Оқохони 4 – имоми 49-уми худро таҷлил мекунанд.

Ӯ 65 сол пеш ба тахти имомат нишаста, тайи ин муддат роҳбарии исмоилиёни ҷаҳонро ба уҳда дорад.

Ин рӯзро пайравони Оқохони 4 дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он бо барномаҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ таҷлил мекунанд.

Дар Тоҷикистон аксар сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайрави мазҳаби исмоилӣ ҳастанд.

Шоҳзода Карим Оқохон бори охир моҳи апрели соли 2012 ба Тоҷикистон омада буд.

Ӯ соли 1967 Бунёди Рушди Оқохонро таъсис дод, ки дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоиро амалӣ мекунад.