Дар Шри-Ланка мардуми хашмгин қароргоҳи президентро ғасб карданд

Эътирозгарон дар назди қасри президенти Шри-Ланка

Дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка эътирозгарон қароргоҳи президентро ғасб карданд ва истеъфои ӯро талаб доранд.

Президент ба ҷои амн интиқол ёфтааст ва ӯро нерӯҳои баҳрии ин кишвар ҳифз мекунанд. Дар шаҳр миёни эътирозгарон ва пулис задухӯрд ҷараён дорад.

Хабаргузории France-Presse бо такя ба мақомоти ин кишвар хабар додааст, ки ҳазорон эътирозгар ба хиёбонҳо рехтаанд. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, 14 эътирозгар захм бардоштааст.

Шаби ҷумъа дар Коломбо шабгардиро манъ карданд, вале касе ин амрро иҷро накард. Эътироз дар Шри-Ланка аз аввали сол оғоз шуд. Мардум аз боло рафтани нархи молу маҳсулот, норасоии маводи доруворӣ, сӯзишворӣ ва камбуди асъори хориҷӣ норозианд.

Ин кишвар ба бӯҳронӣ молӣ гирифтор шудааст. Готабая Раҷапакса, президенти ин кишвар рӯзи 6-уми июл бо Владимир Путин, президенти Русия телефонӣ суҳбат кард ва аз ӯ қарз пурсид. Инчунин, хост, ки парвозҳои "Аэрофлота"-ро барқарор кунад.

Дар авввали моҳи июл бародари президент, ки раиси ҳукумат буд, дар пайи эътироз аз мақомаш истеъфо дод, вале мардум ором нашуданд. Эътирозгарон истеъфои президенти кишварро талаб доранд.

Аз оғози эътирозҳо дар Шри-Ланка ҳашт нафар кушта ва 200 нафар захмӣ шудааст.