Завқибек Саидаминӣ, хабарнигор ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, шоми рӯзи гузашта дар Душанбе боздошт шудааст.
Наздиконаш 9-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯро шоми рӯзи гузашта дар Душанбе аз назди як Маркази шустушӯи нақлиёт боздошт карда, ба шаҳри Ваҳдат бурдаанд. Як тан аз наздиконаш, ки нахост аз ӯ ном барем, гуфт, Завқибек он бегоҳ ҳамроҳ бо як ҳамсинфаш мошинашонро мешустанд, то барои таҷлил аз Иди Қурбон ба зодгоҳаш, деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун, бираванд.
“Аз дохили ду мошин одамҳои ношинос поён шуда, ӯ ва ҳамсинфашро боздошт мекунанд. Онҳоро ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат мебаранд. Ҳамсинфашро шаб ҷавоб доданд, вале гуфтаанд, субҳ соати нӯҳ биояд. Ҳанӯз берун нашудааст. Ӯ ба мо чизе нагуфт. Гуфт, забонхат додааст, ки бо касе суҳбат намекунад.”,--гуфт ӯ.
Мақомот ҳодисаро шарҳ надодаанд. Аз ин пеш, рӯзи 7-уми июл Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори дигарро низ дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат бозпурсӣ карда буданд. Ӯ низ аз гуфтани ҷузъиёти бозпурсӣ худдорӣ кард.
Пирмуҳаммадзода ва Саидаминӣ аз камтарин рӯзноманигороне буданд, ки пас аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳимоят аз онҳо садо баланд карда буданд. Ин ду рӯзноманигорро рӯзи 15-уми июн боздошт карданд.
Завқибек Саидаминии 37-сола солҳо дар нашрияҳои мустақил ва Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Пас аз тарки кор дар телевизиони давлатӣ ӯ дар як дукони хурд тиҷорат дошт ва дар бинои навсохте дар Душанбе ба ҳайси ронандаи крани борбардор кор мекард, вале пайваста дар мавзуҳои гуногун назарҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекард.
Дар тақрибан ду моҳи охир дар Тоҷикистон камаш панҷ рӯзноманигору блогер дастгир шудаанд. “Бунёди Бузургмеҳр”, созмони мустақар дар Аврупо, аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) ва Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом) ном бурдааст. Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли ҷомеаи мадании Бадахшон, ки 17-уми майи имсол дар Душанбе дастгир шуд, низ рӯзноманигор аст.
Дар ин муддат ба чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время” дар пойтахт ҳамла шуда, телефону дастгоҳҳои забти онҳо рабуда шуд.
Созмонҳои байнулмилалӣ фишор ба хабарнигорону фаъолони иҷтимоиро дар Тоҷикистон сахт танқид мекунанд. Мақомот ҳамвора боздошту бозпурсии ҳадафмандонаи хабарнигоронро рад карда, онҳоро ба ҷиноятҳои гуногун гумонбар донистаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Огоҳии охирин". Бозпурсӣ, кофтукоби хона ва мусодираи телефони Пирмуҳаммадзода. ВИДЕОВокунишҳо аз дохилу берун. Аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, блогерҳоро озод кунад. ВИДЕОАбдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтааст, "фаромӯш накунед""Мусодира"-и телефону компютер. Шикоят аз шеваи нави фишор дар Тоҷикистон. ВИДЕОСозмонҳо хомӯшанд, даъватҳои ҷудогона барои раҳоии Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ ҒурбатӣҲамсараш Далери Имомалиро дар боздоштгоҳ дидааст, вале бе шарҳФишор, таҳдид, боздошт... Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро чӣ интизор аст?Далеру Абдуллоҳ чӣ кор карданд, ки ҳоло паси панҷара ҳастанд? ВИДЕО