Иттиҳоди Аврупо қасд дорад, сармоягузори "Роғун" шавад

Маҳалли сохтмони "Роғун"

Як мақоми Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ин хонаводаи кишварҳои аврупоӣ қасд дорад, бузургтарин сармоягузори нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар Тоҷикистон шавад.

Ба гуфтаи ин мақом, ҳадаф аз ин, аз ҷумла коҳиши пойбандии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маводи сӯхту энержии Русия аст.

Сухангӯйи Бонки Сармоягузории Аврупо ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтааст, Кумисюни Аврупо ҳамин ҳафта аз бонки мазкур хостааст, "бузургтарин сармоягузори тарҳ" шавад.

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки сохтмонаш соли 2016 аз сар гирифта шуд, дар сурати такмил метавонад, Тоҷикистонро ба яке аз фурӯшандагони нерӯи барқи обӣ дар минтақа табдил диҳад.

Арзиши тарҳи он 8 миллиард доллар аст ва онро ширкати итолиёии "Вибайлд" месозад. Бонки Сармоягузории Аврупо то ҳол дар бунёди нерӯгоҳи "Роғун" сармоягузорӣ накардааст.